Қабули сайёри раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев бо супоридани шаҳодатномаи таваллуд ба кӯдакон, супоридани шаҳодатномаи ақди никоҳ ба навхонадорон ва тақдими туҳфаҳо оғоз гардид.
Баъдан як қатор сокинони деҳот бо арзу пешниҳоди худ ба раиси шаҳр муроҷиат наимуданд.
Сокинони маҳал мусоидати раиси шаҳрро барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмини сутунпояҳо барои хатти иловагии нерӯи барқ, расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ниёзмандон, ҳалли масъалаҳо доир ба саҳми заминдорор ва дигар масоили ҳаёти деҳот муроҷиат намуданд.
Баъдан раиси шаҳр бо фаъолон ва расони куматаи маҳал ва суҳбат ороста, барои иҷрои корҳои созанда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба сконини деҳот изҳори сипос намуданд.,
Дар идома вобаста ба масъалаҳои тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин дар масоили ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаи неки бунёдкориву созандагӣ истифодаи босамари заминҳо суҳбат ороста шуд.