Экология

ТОЗАГИИ СОҲИЛ-ТОЗАГИИ ОБ

print

Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як қатор тадбирҳои экологӣ амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода,  хонандагони МТМУ№12  ва ҷавонони  фаъоли деҳаи Қаратоғ бо мақсади тоза намудани соҳили дарё «Аксияи тозагии соҳил»  доир гардид.

Дар ибтидо вобаста  ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва тарғиби баргузории тадбирҳои тозакорӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии сокинон аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифт. Баъдан дӯстдорони табиат аз соҳили дарёи Қаратоғ, ҳудуди деҳаи Қаратоғ партовҳои полиэтеленӣ ва дигар партовҳои истеъмолию пластикиро ҷамъоварӣ намуда, дар тоза нигоҳ доштани соҳил ва муҳити зист саҳми худро гузоштанд.

Баргузории чунин тадбирҳо омили тозагии соҳил ва тозагии об буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии сокинон мусоидат менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *