Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

ҶАМЪБАСТИ НӮҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

print

Имрӯз доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар нӯҳ моҳи  соли 2021 бо иштироки муовини Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ва раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор шуд.

Дар оғоз муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид дошт, ки дар маҷмуъ рушди соҳаҳо таъмин ва нақшаи буҷети шаҳр иҷро гардид. Дар ин давра музди меҳнати корхонаҳои буҷетӣ, нафақа ва ҷубронпулиҳо пурра пардохта шуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ бунёд ва ба истифода додани 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар доираи тадбирњои ҷашнӣ 395 иншоот ба истифода дода шуд, яъне нақша 103,4 % иҷро гардид.

Баъд аз таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба масъулин барои бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2021 ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷет, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва ҷубронпулиҳо, бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, афзун намудани маҳсулоти содиротӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии бемории коранавирус ва дигар масъалаи муҳим вазифагузорӣ шуд.

Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ дар мамлакит 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд тачлил гардида, тадбирҳои ҷашнӣ идома доранд. Аз ин лиҳоз, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади расидан ба натиҷаҳои назаррас дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат сари вақт ва бо сифат амалӣ намуда, дар рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *