Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

НИМСОЛАИ ЯКУМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

print
Маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ва раёсати муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат баргузор шуд.
Дар ибтидо муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид дошт, ки дар маҷмуъ рушди соҳаҳо таъмин ва нақшаи буҷети шаҳр иҷро гардид. Дар ин давра музди меҳнати корхонаҳои буҷетӣ, нафақа ва ҷубронпулиҳо пурра пардохта шуд.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзони шаҳр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Дар натиҷаи меҳнати пурсамари хоҷагидорон истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз афзоиш ёфт.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ бунёд ва ба истифода додани 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар давоми солҳои 2018-2020 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ 322 (84,2%) иншоот ба истифода дода шуд.
Доир ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус СОVID-19 дар шаҳр ситоди доимоамалкунанда фаъолят дошта, баъд аз дубора ба қайд гирифтани беморӣ фаъолияти ситод ҷоннок гардида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Бо мақсади муайян ва ба муолиҷа фаро гирифтани сироятёфтагон аз ҷониби Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҳамарӯза гардиши хона ба хона ба роҳ монда шуда, нафароне, ки ба беморӣ гирифтор шудаанд, таҳти назорати табобати амбулаторӣ қарор доранд.
Баъд аз таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба масъулин барои нисолаи дуюми соли 2021 ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷет, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва ҷубронпулиҳо, бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, афзун намудани маҳсулоти содиротӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии бемории коранавирус ва дигар масъалаи муҳим вазифагузорӣ шуд.
Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ дар мамлакит 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тачлил мегардад, аз ин лиҳоз аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саривақт ва бо сифат амалӣ намуда, дар рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *