Аҳолӣ

print

Бо мақсади зиндаёд гардонидани номи  шаҳиди роҳи озодӣ, сарбози қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Некрӯз  Ғафурзода Муассисаи  таълимии  рақами 37-и  деҳаи Даҳбеди шаҳри Турсунзода ба номи ӯ гузошта шуд.

Бо ин мақсад дар муассисаи мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамдеҳагон, омӯзгорон, падару модар ва фарзандони Некрӯз Ғафурзода  ҳамоиш доир гардид.

Шаҳиди Ватан қаблан ба сифати капитан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекард. Мавсуф 29 апрели соли 2021 зимни муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри ҳифзи хоки Ватан синаи худро сипар намуда, шаҳид гардид.

Ҳамоиш барои толибилмон ибратомӯз буда,  дар он аз ҷасорати ватандӯстонаи ҷавонмарди тоҷик, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додааст, аз ҷониби дӯстону устодон қиссаҳо карда, рӯҳи шикастнопазири ӯро пос доштанд. Зикр гардид, ки  Некрӯз Ғафурзода фарзанди бовиқору ватандӯст ва ифтихори ҳамдеҳагони худ мебошад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *