ТАБРИКОТИ
СОКИНОНИ МЕҲНАТДӮСТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МУҲТАРАМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ,
Бо эҳтирому самимияти беандоза Шуморо ба муносибати зодрӯзатон муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандиву неруи беинтиҳо, умри дарози пурфайз ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон, ки бар нафъи халқу Ватан равона гардидаанд, муваффақиятҳоро орзу манамоем.
Хизматҳои Шумо дар таҳким бахшидани пояҳои давлатии Тоҷикистон, сиёсати хирадмандонаву созанда ва талошҳои хастанопазиратон ҷиҳати рушду нумӯи кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани тоҷикон ҳамчун халқи тамаддунофар бузург буда, эътибору муҳаббати Шумо дар қалби хурду бузурги кишвар маскани ҷовидонӣ дорад.
Таърихи навини Тоҷикистони азиз бо номи бузурги Шумо робитаи ногусастанӣ дошта, тадбирҳои созандаи Шумо ҳамчун Пешво ва Раҳнамои халқ орзуҳои ҳазорсолаи тоҷиконро дар самти давлату давлатдорӣ амалӣ намуда, дар ин радиф шаҳри Турсунзода низ ҳамчун як гӯшаи Ватани биҳиштосо ва шаҳри саноативу кишоварзӣ пешрафт карда истодааст.
Асоси дастоварду пешравиҳои сокинони шаҳри Турсунзода аз дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи Шумо сарчашма гирифта, ҳар ташрифи Шумо ба шаҳр барои меҳнати пурсамар ва расидан ба натиҷаҳои назаррас ба ҳар як сокини шаҳр илҳоми тоза бахшидаанд.
Хусусан, барои муаррифии заҳмати кишоварзони шаҳр аз ҷумла,, ангури шаҳдбор ва самараи меҳнати токпарварони мо дастгирии Шумо бесобиқаву бузург буда, кишоварзони моро дар арсаи ҷаҳон шуҳратёр гардонидаед.
Аз ин лиҳоз, мо сокинони шаҳр бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва самимияти беандоза ба Пешво ва Роҳнамои худ содиқ буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Шумо ва муттаҳидиву сарҷамӣ баҳри ҳифзи амнияту осудагӣ, ободии Ватан ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ зери шиори “Тоҷикистон ба пеш!” меҳнати пурсамар карда, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро баҳри гулафшонии Ватан сафарбар менамоем.
Муҳтарам Пешвои миллат, ҷашни хуҷастаи зодрӯзатонро муборакбодӣ намуда, дар рисолати бузурги таърихӣ Сарварии халқи Тоҷикистон ба Шумо саломативу умри дароз ва фатҳи қуллаҳои нав ба навро таманно менамоем.