Экология

ТОЗАГИИ СОҲИЛ-ТОЗАГИИ ОБ

Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як қатор тадбирҳои экологӣ амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода,  хонандагони МТМУ№12  ва ҷавонони  фаъоли деҳаи Қаратоғ бо мақсади тоза намудани соҳили дарё «Аксияи тозагии соҳил»  […]

Экология

АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲОИ ЭКОЛОГӢ

Дар шаҳри  Турсунзода вобаста ба буриши санитарии гулҳои мавзеъҳои кабудизори шоҳроҳ ва омода намудани қаламчаи гули садбарг барои мавсими нави кабудизоркунӣ, тибқи талаботи агротехникӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардид. Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз мавзеъҳои гулкорӣ дидан намуда, ба масъулин  доир   ба  тарзи омода намудани замин, буридани гулҳо ва бехи қаламча корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. […]

Кишоварзӣ

СОДИРОТИ АНГУР  АФЗОИШ ЁФТ  

  Кишоварзони шаҳри Турсунзода  бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда,  дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд.  Дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, деҳқонони шаҳр инчунин ҷиҳати ба содирот равона намудани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан […]

Суханрониҳои раис

26 ОКТЯБР РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ МУҲТАРАМ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муносибати иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти судӣ Шуморо табрику таҳният намуда, саломативу комронӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд. Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи беш аз 90 солаи фаъолият дар […]

Хабарҳо

ТОҶИКОН ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁДАНД. Дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Клуби байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд

ДУШАНБЕ 10.22.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон «Толибон»* (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ  ва ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд. Дар ин бора 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд.

Таҷлил

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ бахшида ба  Иди Меҳргон  ва Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон, Меҳр бияфзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон. Ҳамдиёрони азиз! Боиси шукргузорӣ ва сарафрозии ҳар як фарди Ватан аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, […]

Аҳолӣ

Бо мақсади зиндаёд гардонидани номи  шаҳиди роҳи озодӣ, сарбози қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Некрӯз  Ғафурзода Муассисаи  таълимии  рақами 37-и  деҳаи Даҳбеди шаҳри Турсунзода ба номи ӯ гузошта шуд. Бо ин мақсад дар муассисаи мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамдеҳагон, омӯзгорон, падару модар ва фарзандони Некрӯз Ғафурзода  ҳамоиш доир гардид. Шаҳиди Ватан қаблан […]

Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

ҶАМЪБАСТИ НӮҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

Имрӯз доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар нӯҳ моҳи  соли 2021 бо иштироки муовини Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ва раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор шуд. Дар оғоз муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид […]

Изҳороти расмӣ

«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО»

МУРОҶИАТНОМАИ иштирокдорони ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони Тоҷикистон      Мо иштирокчиёни  ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард […]

Хабарҳо

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ

 МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БАРОИ И ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ   Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ 924-00 сомонӣ; Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ 759-00 сомонӣ; Мутахассиси […]