Дар доираи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба бунёди муассисаҳои тандурустӣ дар ҳар як деҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода бунёди силсилаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз оғози соли ҷорӣ дар деҳот 3 муассисаи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯзҳо дар деҳоти Сешанбе, Регар, Т Тӯйчиев, Маркази […]
Кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода фаъолияти кории худро дар соли 2020 ҷамъбаст намуданд, ки дар рафти он раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. иштирок намуд. Дар ибтидо масъулини Беморхонаи марказӣ, Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Беморхонаи рақамӣ ва дигар шуъбаҳои соҳаи тандурустӣ вобаста ба фаъолияти кории соли 2020 ҳисобот манзур намуданд. Баъдан раси шаҳр вазъи соҳаро […]
Дар партави сиёсати инсонпарварони муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам оилаи Ашуров Одил ва Бойботтаева Нигораро, ки бо амри тақдир аз биноӣ оҷизанд, аёдат намуданд. Ҷиҳати дастгирии хонадони мазкур , ки тарбияи се фарзанди дӯстрӯро ба зимма доранд кӯмаки моддӣ расонида шуд.