“Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло […]
Имрӯз муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия аз Беморхонаи №2 шаҳрӣ дидан намуда, вобаста ба хизматрасонии тиббӣ бо кормандони соҳа, муроҷиаткунандагон ва беморон суҳбат орост. Ҳамчунин вазъи санитарию гигиении утоқҳои кории табибон, утоқҳои хизматрасонии тиббӣ, захираи доруворӣ, ҳолати ободонӣ ва омодагӣ ба давраи зимистонгузаронии беморхона мавриди санҷиш қарор гирифт. Зимни суҳбат бо ҳайати кормандони соҳа […]
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, бемориву дардҳо эмин мегардонад. Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини биҳиштосоямон бояд ҳамеша бифахрем. Кишварамон дар ҷаҳон аз лиҳози захираи обяке аз ҷойҳои […]