Хабарҳо

Аз инъикоси ҳодисаҳои марзӣ то бечоранолии тарафи муқобил дар фазои иттилоотӣ

print
Рӯзҳои 29 – 30 апрели соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъҳои марзӣ ба миён омад, ки чандин нафари кушта ва садҳо нафар захмиро дар пай дошт. Мо атрофи ҳодисаҳои ахири марзӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотӣ, ва ҷанги иттилоотии ду кишвар бо коршиносон ва Ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шералӣ Ризоён ва Ризо Баҳромзод суҳбат намудем, ки фишурдааш пешкаш мегардад.

 

-Сараввал мехостем бифаҳмем, ки айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна аст?

 

Ризо Баҳромзод: – Айни ҳол вазъ дар марз хело хуб аст. Неруҳои низомӣ аз сарҳад дур бурда шудаанд ва мардум ба ҳаёти осоиштаи худ баргаштаанд. Ин хеле хуб аст, ки вазъ ором гаштааст. Ҳамон лаҳзаҳои даргирӣ ман дар деҳае қарор доштам, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорад. Дар он ҷо ҳодисаҳое рух доданд, ки бисёр ҳам даҳшатовар буд, хусусан мардуми аҳолинишине, ки хонаҳояшон ба марз наздик аст.

 

– Шумо ҳодисаҳое, ки дар марзи ду кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 

Шералӣ Ризоён: – Шурӯъ аз соли 2005 дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври систематикӣ низоъҳо ба вуҷуд меояд ва дар 10 соли охир мутаассифона тамоюли ин низоъҳо боло рафтааст. Бинобар ин, низое, ки рӯзҳои 29 – 30 апрел ба вуқӯъ пайваст, нав нест ва сабабҳои сар задани низоъ низ нав нестанд. Яъне ба чор омил, истифодаи об, замин, роҳ ва канданиҳои фоиданок вобастагӣ дорад. Аз ин ҳисоб то агар Комиссияи байниҳукуматии деморкатсия (аломатгузорӣ) ва делимитатсия (муайянкунӣ) – и сарҳади давлатӣ фаъолияташро ба анҷом нарасонад ва хати марз маълум нашавад, эҳтимоли дигарбора сар задани чунин низоъҳо ҳамеша вуҷуд дорад. Чун шароите, ки мо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ дорем, бинобар сабабҳои хос, махсусан маҳдуд будани дастрасӣ ё боло будани талабот ба замин ва об ин масъаларо ҳассос мегардонад.

Мутаассифона, аз ҷониби кишвари ҳамсоя иқдомҳои ҷиддӣ барои пешгирӣ кардани низоъ ба назар намерасад ва баръакс дар низои ахир мо мебинем, ки дар тӯли моҳҳои феврал, март ва апрел як силсила иқдомҳои барои такон додани муҳити ҷамъиятӣ ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ шуданд. Бахусус агар ба таври мухтасар зикр кунем, ин ба пайгарди байналмилалӣ эълон кардани 25 сокини Ҷамоати Ворух, ки инро мо ҳамчун як иқдом барои тарс додан ва фишор ба мардуми Ҷамоати Ворух, ки дигар ба масъалаи бунёди роҳи Оқсой Тамдик эътироз накунанд, баҳогузорӣ кардем. Дуюм чизе, ки мо дидем, ин як изҳороти ҷанҷолбарангези Қамчибек Тошиев дар атрофи Ворух буд ва мушаххасан ду нуктаро зикр кард. Ӯ гуфт, ки мо атрофи Ворухро чен мекунем ё ин ки Ворух ба як қаламрави Қирғизистон иваз мешавад. Ин ҷо ҳарду пешниҳод ҳам аз нигоҳи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мантиқ надоранд. Ва ниҳоят, ҷониби Қирғизистон аз 1 то 30 апрел дар деҳаи Вуҷун, ки наздикии ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳу Ворӯх ва дигар минтақаҳои дигари вилояти Суғд қарор дорад, бо иштироки ҳудуди тақрибан ду ҳазор кас тамрини бисёр ҷиддии ҳарбӣ гузаронид, ки ҳатто дар ин тамрин баробари артилерияву дигар боз 20 тайёраи парвозкунанда низ иштирок доштанд. Ин тамринҳо, ки бевосита дар наздикии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва минтақаҳои наздик ба марз, ки ҳоло аломатгузорӣ нашудааст, аз он далолат медиҳад, ки ин масъала хеле ҳассос аст.

 

Чизи дигаре, ки иқдоми кишвари ҳамсоя барои якҷониба таъмир намудани иншооти тақсимкунии оби “Головной” ва дуюм чиз ин изҳороти Тошиев рӯзи 25 – уми апрел дар мулоқот бо сокинони вилояти Оши Қирғизистон буд, ки вай гуфт дар болооби дарёи Хоҷабоқирғон онҳо нияти бунёди обанборро доранд, ки ин тамоман ба созишномаҳои мавҷуда дар соҳаи истифодаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ мувофиқат намекунад. Ин мустақиман ба шаҳру ноҳияҳои калони саноатии вилояти Суғд, бахусус Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Ҷаббор Расулов таҳдиди бисёр ҷиддӣ дорад, ки эҳтимоли маҳдудият эҷод шудани об ба заминҳои кишоварзӣ ва ҳам мардум барои истеъмоли оби ошомиданӣ мегардад. Аз ин ҳисоб арзёбии масъала агар ба таври холисона сурат гирад, нишон медиҳад, ки дар тӯли се моҳи охир як қатор иқдомҳоеро кишвари ҳамсоя амалӣ кард, ки мутаассифона ба низои наздисарҳадии нохоста оварда расонид.

– Ба андешаи шумо, чаро ин маротиба вазъ муташанниҷ ва талафоти ҷониву молӣ зиёдтар гардид? Чӣ сабабҳо буданд?

 

Шералӣ Ризоён: – Мушкиле, ки мо дар ин ҷо мебинем, бевосита ба умқи масъала вобастагӣ дорад. Чунки дар тӯли 19 соле, ки раванди гуфтушунид барои муайян кардани хати марз идома дорад, мо мебинем, ки як қатор созишҳо ва протоколҳои муштараке, ки ба имзо мерасанд, иҷро намешаванд. Яъне мушкилоти асосии минтақаи сарҳадиро мо дар иҷро нашудани созишҳои бадастомада мебинем. Чунки корҳои зиёде, ки дар ҳамин самт ба анҷом расонида мешавад, бенатиҷаанд ва мутаассифона роҳи истифодаи зӯрӣ дар ҳоли ҳозир ба алтернативаи бисёр муҳим табдил ёфтааст. Вале ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон зикр карданд, ки онҳо манфиатдори ҳалли масъала бо тариқи гуфтушунид ҳастанд, ки ин албатта хуб аст. Вале ба таври маҷмӯӣ гуфтан, ки барои чӣ ин гуна низои бисёр сареҳ ва ҷиддӣ ба вуҷуд омад, бо чунин талафот ғайриимкон аст, чунки арзёбии коршиносии ин масъала мушкил аст.

 

– Чун имрӯз шабакаҳои интернетӣ яке аз воситаҳои зудпаҳнкунанда ва манбаи муҳими иттилоъ гардидааст, инъикоси масъалаҳои марзиро дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Чун дар ин миён афроде буданд, ки аз ин ҳодиса сӯиистифода карда, онро ба нафъи худ истифода мекарданд.

 

Ризо Баҳромзод: – Албатта, имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ минбари додугирифти иттилоот шудааст ва то ҳадде ҷойи оҷонсиҳои иттилоотиро низ танг кардааст. Яке аз бартариятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ он аст, ки ҳар кас метавонад, фикру ақидаи худро нависад, аксу видеоҳо гузорад ва мубодилаи иттилоот намояд. Вале ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Яъне дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, хабарҳои бардурӯғ, фейкӣ носанҷида паҳн шаванд ва боиси боз ҳам ба қаҳру ғазаби зиёд дучор шудани ҳамон аҳолие, ки дар минтақаҳои марзӣ зиндагӣ мекунанд, сабаб шавад. Яъне як навори бардурӯғ метавонад, боиси як ташаннуҷ ё даргирӣ гардад ва албатта аз ин чиз ҷониби Қирғизистон ба таври васеъ истифода бурд.

 

– Инъикоси масъалаҳои марзӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ва Қирғизистон тафовуте доштанд? Агар ҳа, пас чӣ гуна?

 

Ризо Баҳромзод: – Воқеан ВАО – и Қирғизистон то ҳадде тавонистанд, хабарҳои бардурӯғӯ фейкиро паҳн намоянд ва ҳатто ба ҷониби Тоҷикистон туҳматҳо низ зананд. Мардуми одиаш низ чунин аксуламалҳо нишон медоданд. Онҳо ҳар чизе, ки медиданд, ба навор мегирифтанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд. Ҳатто сангзанӣ ва ҳам тирандозиашонро низ, ки он боиси хашму ғазаби мардуми тоҷик гардид. Дар ин самт албатта бояд нақши ВАО муҳим бошад, зеро ки манбаи муътамад расонаи эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин ҷанги иттилоотӣ низ баъзе аз расонаҳои мо тавонистанд, фоъолона иштирок карда, аз манфиатҳои миллӣ ҳифз намоянд ва дар набарди иттилоотӣ мавқеи Тоҷикистонро ҳимоя кунанд.

 

Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби истифодабарандагони тоҷик як чизро мушоҳида кардам, ки тоҷикон то ҳадде кӯшиш мекарданд, ки маълумоти бардурӯғ паҳн накунанд. Баъдан дар байни гурӯҳҳо паҳн шуд, ки одамоне, ки аз вазъ бохабар ва соҳиби ҷаҳонбинии муайянанд, гуфтанд, ки аксҳову наворҳои низомиёни моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нагузоред. Зеро ки ҷойгиршавии онҳо сирри давлатӣ аст ва бояд аз имкониятҳои ҳарбии мо кишвари ҳамсоя бохабар нашавад ва воқеан ҳам мардуми мо ин чизро риоя кард, яъне то ҳадде кӯшиш карданд, ки аксҳову наворҳои баҳсбарангезро нагузоранд. Ҳар як шаҳрванди ҳушёри Тоҷикистоне, ки аз вазъ бохабар буд, дар баҳсҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаштанд, фаъолона иштирок карданд. Хусусан мардуми одӣ, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва онҳо ба ҳар як туҳмати кишвари ҳамсоя бо далелҳо ҷавобҳо пешниҳод намуданд. Яъне дар ҳодисаҳои марзӣ мо тавонистем, ки муттаҳидии мардуми тоҷикро нишон диҳем ва тавонистем, тамоми қувваву имкониятҳоро ба ҳифзи сарҳад ва ҳифзи ҳар як порчаи хоки Ватан равона намоем.

 

– Роҳи ҳалли даргириҳои сарҳадиро дар чӣ мебинед?

 

Шералӣ Ризоён: – Бояд гуфт, ки ин масъала танҳо тариқи гуфтушунид анҷом мешавад. Чизи дигаре, ки бисёр ҷиддӣ ва зарур аст, ин риоя шудани созишҳои пештар имзошуда аст, чунки агар созишҳои бадастомада риоя нашаванд, эҳтимолияти ҳассос мондани масъала зиёд аст. Фикр мекунам, ки Комиссияи босалоҳияти имрӯза, ки барои демаркатсия ва делимитатсияи хати марз фаъолият дорад, аз уҳдаи анҷоми ин кор мебарояд. Умед мекунем, ки манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба таври усулӣ ва бо дарназардошти вижагиҳои ҳар як деҳоти наздисарҳадии мо ҳифз карда мешавад. Чунки мо бо Қирғизистон ҳамсоя ҳастем ва маҷбурем, ки ҳамсоягии нек дошта бошем. Чунки ин низоъҳову нофаҳмиҳо мегузаранд ва Қирғизистон ҳамоно ҳам ҳамсояи мо боқӣ мемонад ва ин бисёр муҳим аст.

 

http://javonon.tj/news/politics/az-inikosi-odisa-oi-marz-to-bechoranolii-tarafi-mu-obil-dar-fazoi-ittiloot/?sphrase_id=49407

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *