Фаъолияти Шӯроъ

СУҲБАТ БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

print
 Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар конференсияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Турсунзода иштирок намуда, бо аъзои Шӯро суҳбат орост.
Дар ибтидо аъзои Шӯро аз фаъолияти панҷсолаи худ ҳисобот манзур намуд. Таъкид шуд, ки собиқадорони ҷангу меҳнат дар партави сиёсати Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои муҳтарам Пешвои миллат қарор дошта, дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ иштироки фаъолона менамоянд.
Раиси шаҳр зимни суханронӣ иброз дошт, ки иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат дар баробари дигар манотиқи кишвар дар шаҳри Турсунзода низ соҳиби обрӯву эътибори хоса буда, гули сари сабади тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ ба ҳисоб мераванд.
-Ҳамчун шахсони соҳибтаҷриба, рӯзгордидаву соҳибмалака ватанпарвару меҳнатдӯст собиқадорони меҳнат дар ҷомеа соҳибобрӯ мебошанд, аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар тарбияи насли наврас, оилаҳои ҷавон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпрастӣ ба маслиҳати пирони рӯзгордида, ниёз дошта, зимни пешбурди кор дар ин самт ба таҷрибаи рӯзгори ибратноки онҳо такя менмояд, -иброз дошт, раиси шаҳр.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *