Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва шароити мусоид барои таҳсил дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёд ва ба истифодадиҳии беш аз 160 синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад. Ин иқдоми муҳим дар деҳоти Қаратоғ низ муташаккилона ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо рафти корҳои созанда дар муассисаҳои таълимии 91 (барори 480 ҷои нишаст) ва 117 (барои 80 ҷои нишаст) ва муасисапи таҳсилотии №44 (16 синфхона барои 320 нафар) деҳоти Қаратоғ дидан намуд.
Дар биноҳои муассисаҳои таълимии №91 ва №117 корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, пардоз ва рангу бор дар дохили синфхонаҳо дар ҷараён аст. Дар иншооти МТМУ№44 бошад, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Иншооти мазкур дар арафаи соли нави таҳсил ба истифодаи насли наврас қарор дода мешавад.