Дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам қабули сайёри шаҳрвандон баргузор шуд. Муроҷиаткунандагон дар баробари мусоидат ба ҳалли як қатор масоили марбут ба ҳаёти деҳот, аз ҷумла, таъмири роҳҳои нақлиётгард ва барқарор намудани кӯдакистонҳо, инчунин вобаста ба корҳои созанда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирфтани ҷашни бузурги миллӣ -30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиситон суҳбат оростанд. Таъкид шуд, ки дар деҳоти Пахтаобод дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ корҳои созанда бо маром идома дошта, сокинон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷиҳати рушди деҳот корҳои созандаву ободгаронаро сарҷамъона ба анҷом расонанд.