Имрўз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо як қатор ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияи Президенти мамлакат мулоқот доир намуд.
Нахсуст раиси шаҳр доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои падаронаи муҳтарам Пешвои миллат ва шароити мусоиди хониш ва кору фаъолият фароҳамовардашуда ба ҷавонони Ватан суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мо боварӣ дорем, ки ҷавонони шаҳри мо ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр минбаъд низ дар самти омўзиши илму фан ва хизмати содиқона ба Ватан сайъу талош намуда, дар татбиқи барномаи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми муносиби худро мегузоранд.
Дар идома ҷавонон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки боварии муҳтарам Пешвои муаззами миллатро сазовор гардида, дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҳамчун ворисони аҷдоди худ мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омўхта, барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар хотима як қатор ҷавонони фаъол барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳо, инчунин чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

Комм