Иқтисодиёт Хабарҳо

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ»

print

Имрӯз дар Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андрзсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа”  дар номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ”  баргузор гардид. Дар ифтитоҳи озмун муовини раиси шаҳри Турсунзода Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ  суханронӣ намуда, нақши гузаронидани чунин озмунҳоро дар боло бурдани дониши иқтисодию ҳуқуқӣ дар самти қонунгузории соҳаи андози кишвар муҳим арзёбӣ карда, иброз дошт, ки иштироки насли наврас  дар озмуни мазкур ҷиҳати баланд бардошани маърифати андозсупории ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар идома миёни иштирокдорон доир ба дониши муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сабқат баргузор шуд, ки дар ҷараёни он донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ, донишҷӯёни колллеҷу литсейҳо  ва хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

Хонандагони синфи рассомии МД мактаби санъати бачагонаи шаҳр низ дар озмун иштрок намуда,фарҳанги андозсупориро аз нигоҳи худ тасвир намуданд. Дар ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *