Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

print

Иди саиди Фитр беҳтарин арзишҳои инсониро таҷассум намуда, бо файзу баракат, дуои неку хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона дар ќалби хурду бузурги Ватан маҳбубияти хоса дорад.

 Аз ин лиҳоз, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иди саиди Фитрро ба мардуми меҳнатдӯсти шаҳр табрик намуда, сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракатро орзу менамоем.

Ҳозирини гиромӣ,

Бо шарофати Истиќлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз анъанаҳои неки гузашта, таҷлили иду маросим ва суннатҳои милливу динӣ эҳё  гардид.

Иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои муќаддас, баёнгари сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, раҳму шафќат, бахшиши гуноҳ ва амалҳои хайру созанда маҳсуб меёбад, ки  мардумро ба анҷоми корҳои нек, аёдати беморону азодорон, поси хотираи гузаштагон, дастгирии ятимону маъюбон ҳидоят менамояд.  Худованд пас аз як моҳи имтиҳону омӯрзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафќату меҳрубонӣ муќаррар кардааст.

Дар масири садсолаҳо моҳи Рамазон ҷиҳати пойдории ваҳдату ҳамдилӣ ва дӯстиву бародарӣ дар байни мардум наќши арзишманд бозидааст.

Яке аз анъанаҳои неки иди саиди Фитр аз Парвардигори олам оромиву ободӣ, ва баракату фаровониро талаб намудан ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз,  ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поки ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми диёр хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидќан орзу намоем.

Ҳамзамон дар ин айём эҳсонкориву саховатмандӣ, дастгирии ятимону барҷомондагон ва  ниёзмандон аз суннатҳои нек маҳсуб гардида, дар ин бобат Расули Акрам фармудаанд: «Ман ва сарпарасти ятим дар ҷаннат инчунин дар паҳлӯи якдигар ќарор дорем”.

Вобаста ба ин ҳадис ҳар як фарди Ватанро мебояд,  ки эҳсонкору хайрхоҳ ва саховатпешаву ҳимматбаланд буда, ҳамеша дастгирии ниёзмандонро талқин намуда, соҳиби аҷру савоб гардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Ислом ҳамчун дини поку дорои арзишҳои бузурги инсонӣ исрофкориро маҳкум намуда, талќин менамояд, ки ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди саиди Фитр ҳамеша сарфаю сариштакор бошем.

Эътимоди комил дорем, ки мардуми сарбаланди шаҳри мо суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварона ва эҳсону сахорор идома дода, ҷиҳати татбиќи сиёсати ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллат барои ободиву тараќќиёт, оромиву осоиши  Ватани азизамон саъю талош менамоянд.

 Аз ҷумла, дар корҳои созанда барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиќлоли давлатӣ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати пешрафту шукуфоии диёри азизамон саҳмгузорӣ менамоянд.

Инчунин дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиќлолият тарбия намудани насли ҷавон омили пешрафту тараќќиёти давлат мебошад. Дар шароити имруза ҷалб намудани насли ҷавон ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ,ҳифзи онҳо аз таъсири ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи падару модарон, зиёиён ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Бо ибрози ниятҳои нек ҳамдиёрони азизро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саид ва мукаррами Фитр  табрик намуда, рӯзгори босаодат, сиҳатмандӣ, ризќу рӯзии фаровон, имони комил, хушбахтию сарбаландӣ, ва хонаи ободро орзу менамоем.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *