Таҷлил

ҶОВИДОН БОД, ХОТИРАИ НЕКИ ШАҲИДОНИ ҶБВ

print
Имрӯз дар пояи “Лавҳаи хотира”-и шоҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба муносибати 76-солагии Ғалабаи бузург бо иштирони собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон, ҷавонон ва намояндагони ВАО чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар бузургдошти хотираи диловарони шуҷои Ватан ва тантанаи Рӯзи Ғалаба муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия ширкат намуда, паёми табрикотии раиси шаҳрро ба иштирокдорони чорабинӣ расонида иброз дошт, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният фоҷиабортарин ҷанг ба ҳисоб рафта, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллати мо далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемисл нишон додаанд, ки дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғ 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо барои дифои Ватан чавонмардона муҳориба бурда, шаҳид гардидаанд.
Дар чорабинӣ иштирокчии чангҳои Финландия ва ҶБВ Абдулазиз Қодиров, ки аз деҳаи Қаратоғ ба фронт даъват шуда, имрӯзҳо дар синни 102 солагӣ таҳти Ғамхории муҳтарам Пешвои миллат ва атрофи пайвандон давлати пирӣ меронад, ширкат варзида, дар пояи гулхани абад гулчанбар гузошта, ҷиҳати фардои дурахшонит Ватан дуои нек намуд.
Дар идома табрикоти меҳмонон ва шеъру таронаҳои ватандӯстонаи хонандагони МТМУ№12 ба чорабинӣ шукуҳи идона бахшида, дарфарҷом ба хотираи арвоҳи шаҳидон дуои хайр карда шуд.
и ещё 11
Вы и Акрам Шеров
Поделились: 16
Просмотрено: 9

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *