Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад. Интихоби ин рӯз таърихӣ буда, беш аз ҳазор сол муқаддам, яке аз фарзандони номвари тоҷик, олим, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ Ибни Сино дар ин рӯз ба дунё омадааст. Аз ин лиҳоз, табибони тоҷик бо ифтихор худро ворисони Сино меноманд. Ба […]
Зимни ироаи паём аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Вобаста ба ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ […]
Дар партави сиёсати инсонпарварони муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам оилаи Ашуров Одил ва Бойботтаева Нигораро, ки бо амри тақдир аз биноӣ оҷизанд, аёдат намуданд. Ҷиҳати дастгирии хонадони мазкур , ки тарбияи се фарзанди дӯстрӯро ба зимма доранд кӯмаки моддӣ расонида шуд.