Хабарҳо

ҶОНФИДОИ ХОКИ МУҚАДДАС

print
Дар муноқишаҳои ахири сарҳадӣ бо давлати Қирғизистон дар Ворух зодаи шаҳри Турсунзода (Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Даҳбед) капитани Қӯшунҳои сарҳадӣ Ғафурзода Некрӯзи Набӣ баробари дигар шермардони шаҳиди Ватан барои ҳифзи сарзамини муқаддас синаи худро сипар намуда, шуҷоатмандона ҷон супорид.
Некрӯзи Набӣ ҳамагӣ 28 сол умр ва се фарзанд дошт… Ӯ барои идомаи хизмати содиқона ба Ватан ва тарбияи фарзандони солеҳу ватандӯст дар умқи дили ҷавон орзуву нақшаҳои зиёдеро мепарварид. Аммо аҷал тавассути тири душман ӯро аз байни далерони Ватан бо ҳама орзуҳои неку ширин зери хок бурд Марги ӯ марги оддӣ набуд, марге буд пур аз қаҳрамонӣ ва шаҳди шаҳодат, зеро баҳри ҳифзи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ҷоннисорӣ намудан нишонаи расидан ба шаҳодати ҳақ аст….
Ҳар як сокини диёр ва мардуми шарифи кишвар аз марги шаҳидони роҳи ҳифзи Ватан аз дида ашки хунбор мерезад. Душман аз мо якеро рабурд вале дар қалби ҳазорҳо ҷавонмардони Ватан эҳсоси ватандӯстиро боз ҳам боло, шуълаи муҳаббати Ватанро афзун ва ҷасорати ҳифзи сарзамини муқаддастро тақвият бахшид.
Барои азизону пайвандон, ки имрӯзҳо бо имтиҳони сахттарини ҳаёт рӯ ба рӯ гардида, барои Некрӯзи ғуррамарги паҳлавони қаҳрамон хун аз дида мегирянд, сабри ҷамил хоҳонем. Рӯҳат шод, хонаи охиратат ҷаннатулмаъво бод, шаҳиди шаҳири Ватан.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *