Хабарҳо

ТАҚДИМИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”- БА ҲАР ЯК ХОНАДОН

print

Бо мақсади татбиқи пайкори маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ҳар як хонадони мамлакат ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад.
Имрӯз корвони китоби “Тоҷикон” , ки ҳамчун қомус ва шиносномаи миллат арзёбӣ мегардад ба шаҳри Турсунзода, ворид ва ин туҳфаи пурарзиши муҳтарам Пешвои миллат аз ҷониби мардуми меҳнатдӯсти шаҳр бо хушҳолӣ пазируфта шуд.. Ин шоҳасар саҳифаҳои пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷиконро инъикос намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои таҳкими пояҳои давлатдории хеш ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон аз саҳифаи таърихи ниёгон сабақи ибратомӯз гирем.
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати сари вақт расонидани туҳфаи Сарвари давлат ба аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад. Дар ин замина тақсимоти китобҳо дар 9 ҷамоати деҳот ва маркази шаҳр ки фарогири беш аз 55 ҳазор хонавода аст, муташаккилона ҷараён дорад.
Зимни қабули шоҳасари миллат сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият Мирзоев Ибодулло иброз дошт, ки “барои ман боиси сарварозист, ки яке аз бузургтарин махзан – калиди дари дониш ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик ба хонадони мо тақдим гардид.
Китоби мазкур дар роҳи тарбияи фарзандон ҷиҳати омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, барои тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *