Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа ва баргузории муоинаи сокинон дар доираи татбиқи амри раиси шаҳри Турсунзода аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод […]
Дар партави сиёсати инсонпарварони муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам оилаи Ашуров Одил ва Бойботтаева Нигораро, ки бо амри тақдир аз биноӣ оҷизанд, аёдат намуданд. Ҷиҳати дастгирии хонадони мазкур , ки тарбияи се фарзанди дӯстрӯро ба зимма доранд кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пандемия Covid 19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон, умуман тамоми нерӯи некандеш дар ҳамкорӣ алайҳи пандемия Covid 19 мубориза мебаранд. Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар шаҳр Маркази машваратӣ оид ба пешгирии сироятии коронавирус (Covid 19) таъсис […]