Таҷлил

БУЗУРГДОШТИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

print
Дар асоси  дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бузургдошт ва гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардида истодааст.
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ин муносибат бо  ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода  дар шаҳри Турсунзода Конференсияи илмию адабӣ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода вассофи сулҳу дӯстӣ” баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон, олимон ва меҳмонони зиёде аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ибтидо меҳмонон аз осорхонаи марказии шаҳри Турсунзодаро дидан намуда, бо таърихи диёр ва ҳаёти фаъолияти устод шинос шуданд.
Баъдан дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳр таҳти раёсати муовини якуми Ҳизби Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд.
Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода С.Ҳ. аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти ддавлатии шаҳри Турсунзода иштирокдорони конференсияро ба диёри шоир хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории конферонсияи ҷумҳуриявии илмию адабӣ дар зодгоҳи шоир боиси сарфарозии кулли ҳамдиёрони устод ба ҳисоб рафта, ҳамчун нишонаи тантанаи сулҳу амонӣ ва дӯстиву бародарӣ арзёбӣ мегардад.
Доир ба мавзуи “Зан-Модар ва мақоми иҷтимоии ӯ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода” зимни маърӯзаи муовини раис ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ шарҳу тавзеҳ гардид.
Маърӯзаи раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим таҳти унвони “Мирзо Турсунзода-шоири ваҳдатсаро” ба маърази иштирокдорони конференсия расонида шуд.
Президенти академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба мавзӯи “Мирзо Турсунзода –олим, муҳаққиқ ва ҳакаиму донишвари замон” сухан кард.
Фарзанди устод Мирзо Турсунзода доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода хотираҳои неку ибратомӯзро аз зиндагиномаи устод баён дошт.
Шоираи ширинкалом Гулрухсор Сафиева доир ба мактаби бузурги адабии устод суханронӣ намуда, пешниҳод дошт, ки ҳамасола дар шаҳри Турсунзода бо мақсади бузургдошти шоир ва ҷалби насли ҷавон ба шеъру адабиёт озмуни “Беҳтарин шеъри сулҳ” баргузор гардад.
Дар қисми  фарҳангӣ   устодони санъат Фурқат Саидов, Афзалшо Шодиев, Ҷовидон Нозимов, Тоҷиддин Раҳимов, Нигина Амонқулова, ансамбли давлатии “Шашмақом” ва дигар сарояндагони шинохта аз эҷодиёти шоири маҳбуб шеъру таронаҳоро суруда, ансамбли рақсии “Гулрез” бо рақсҳои дилошӯб барномаро боз ҳам рангин намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *