

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҷаласаи сайёрро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Барнома ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, рифоҳӣ, инфрасохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ мусоидат намуда, барои баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳр замина хоҳад гузошт.
Дар идома ҷараёни иҷрои Барнома ва соҳаҳои хоҷагидории шаҳри Турсунзода мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби раёсати Кумитаи рушди маҳал, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва садо, меҳнат ,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати мукаммал гардонидани бандҳои Барнома ва иҷрои саривақтии он таклифу пешниҳоди муфид дода шуд.