Экология

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА

print
Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» ҷиҳати баҳогузорӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз гулгашту гармхонаҳо ва боғҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода дидан намуданд.
Ба аъзои комиссия иттилоъ дода шуд, ки тибқи низомнома даври якуму дуюми озмун дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳр баргузор ва ғолибони он муайян гардиданд. Ҷиҳати иштирок дар озмун дар шаҳр беш аз 120 ҳазор гули лола ва беш аз 170 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.
Шаҳри Турсунзода ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, ғолибон аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар даври ҷамъбастӣ моҳи апрели соли ҷорӣ эълон карда мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *