Дар шаҳри Турсунзода ҷашни Сада бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А, инчунин кишоварзон, ҳунармандон, ва доираи васеъи сокинон бо шукуҳу шаҳомат ва мутантан, бо шодию сурур, гулханфурӯзӣ, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат таҷлил гардид.
Ҷашни Сада ҳамчун мероси бостон бо нигоҳ ба талаботи замон, пайванд ба ниёгон дар сартосари мулки номдори тоҷикон, бо шукуҳу таровати бекарон таҷлил мегардад. Эҳёи дубораи ҷаши Сада монанд ба Наврӯзу Меҳргон ва ғайра, дар умум ҷашнҳои хуҷастапай ва барҷаста маҳз дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба даст омад ва он дар шумули суннату анъанаҳои мардумӣ густурдагии ҳувияту рисолати миллатро таъмин мекунад.
Дар намоишгоҳ дастовардҳои сокинони шаҳр дар даврони соҳибистиқлолӣ ба маъраз гузошта шуд. Дар ин рӯз назди Кохи “Дӯстӣ” ки макони баргузории ин чорабинии умуминоҳиявӣ интихоб гардида буд, қабои идона ба бар намуд.
Гӯшаеро боғдорону дигар хоҷагидорони кившар бо номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ҳамешасаб, мевадиҳанда, гулу буттаҳои ҳархела, тухмиҳои зироат ва дигар лавозимоти кишварзӣ пур карда бошанд, дар гӯшаи дигар ҳосили зироати кишварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда муаррифӣ карда шуд. Фаровонии маҳсулот ва рушду пешрафти соҳаи кишварзӣ дар шаҳри Турсунзодап дар намоишгоҳи доманадори имрӯза баръало эҳсос мегардад.
Сада ин омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Ҳангоми фаро расидани ин ҷашни бостонӣ техникаҳои кишоварзӣ таъмир гардида, ба мавсими нави кишту кор тайёр карда мешаванд. Дар маҷмуъ дар Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегирад. Дар ин замина, ҳамчунин намудҳои зиёди техникаву механизим ва дигар мошинолоти кишоварзӣ, ки барои кишту корӣ баҳорӣ омодаанд, ба маъраз гузошта шуд, ки ин аз тайёрии ҳамаҷонибаи хоҷагидорони шаҳр дар мавсими кишту кори баҳорӣ дарак медиҳад.
Аз ҷониби ҳунармандони шаҳр гӯшаҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла оҳангарӣ, рассомӣ, пазандагию дӯзандагӣ, ки инро ҳам ҷашни
Сада дар худ фаро мегирад, ташкил карда шуд.
Дар ин ҷо ҳамчунин гӯшаҳои машваратӣ амал намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба ба кишоварзон, дар маҷмуъ иштирокдорони чорабинӣ тарзи дурусти агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва дигар нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ шарҳ дода шуд. Ҳар як иштирокчии чорабинӣ, аз ҷумла кишоварзон аз фарорасии ҷашни бузурги бостонӣ-Сада ҳушҳолӣ намуда, дар ин рӯз ҳамдигарро шодбош гуфтанд.
Гулханафрӯзӣ ҷузъи асосии тантанаҳои ҷашни Садаро ташкил медиҳад. Оташ рамзи гармиву нур ва муҳаббату самимият миёни мардумон аст.
Дар гӯшаи дигари макони баргузории чорабинӣ гулхан афрохта шуд. Сипас иштирокдорон вобаста ба таърихи ҷашни Сада ибрози андеша карда, таърихи онро фарогири беш аз 11 ҳазор сол маънидод намуданд.
Дар маҷмуъ ҷашни Сада дар шаҳри Турсунзода бо риояи суннатҳои аҷдодӣ дар сатҳи баланд ва хушу хотирмон таҷлил карда шуд, ки он ҳавасмандии бештари кишварзонро дар самти ба даст овардани муваффақият таъмин хоҳад намуд.