Тандурустӣ

МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

print
Кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода фаъолияти кории худро дар соли 2020 ҷамъбаст намуданд, ки дар рафти он раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. иштирок намуд.
Дар ибтидо масъулини Беморхонаи марказӣ, Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Беморхонаи рақамӣ ва дигар шуъбаҳои соҳаи тандурустӣ вобаста ба фаъолияти кории соли 2020 ҳисобот манзур намуданд.
Баъдан раси шаҳр вазъи соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки соли 2020 барои тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус буд. Дар ин муддат кормандони соҳа саломатии худро зери хатар гузошта, барои наҷоти беморон хизмат намуданд ва соли 2020-ро метавон ҳамчун давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин раиси шаҳр афзуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода низ баробари дигар шаҳру ноҳияҳои малакат рушд намуд.
Аз ҷониби раиси шаҳр таъкид шуд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ масъулини соҳаро мебояд ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса зозир намоянд:
– татбиқи саривақтии Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ; боз ҳам баланд
бардоштани беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ;
– муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор
– муҷаҳҳаз гардонидани соҳа бо таҷҳизоти муосир;
– идомаи корҳои таблиғотӣ дар самти мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ;
– афзалият додан ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ;
-ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон ва пешгирии таваллуд дар хона;
-таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ;
-назорати қатъии истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар соҳа;
-таъмини муассисаҳои тандурустии деҳот бо мутахассисон;
-барои баланд бардоштани маҳорату малакаи кормандон баргузории хонишҳои идоравӣ ва семинару машваратҳо.
Ҳамчунин раиси шаҳр таъкид дошт, ки дар соҳаи тандурустӣ соли 2021 озмунҳои “Шуъбаи беҳтарин”, “Духтури беҳтарин”, “ “Корманди беҳтарини соҳа” эълон мегардад. Баҳогузории озмун аз сокинони шаҳр бозпурсӣ мегардад. Яъне соҳа аз ҷониби халқ баҳогузорӣ мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *