Дар идораи Ҷамоати деҳоти Регар қабули сайёри навбатии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам баргузор шуд.
Дар ибтидо раиси шаҳр шаҳрвандонро бо Соли нави мелодӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки соли 2021 дар мамлакат 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, аз рӯзи аввали сол то охир барои ҳар як сокинони кишвар соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз ҷищати сазовор пешвоз гирифтани ҷашн ҳар яки мо вазифадорем, ки дар ободиву рушди кишвари азизамон саҳми муносиби худро гузорем,-иброз дошт раиси шаҳр
Дар идома муроҷиати шаҳрвандон сурат гирифта, сокинон бештар ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони гармхонаҳо, майдончаи варзишӣ, заминҳои ёрирасони кишоварзӣ, таъмини деҳот бо сутунпояҳо ҷиҳати интиқоли иловагии хатти нерӯи барқ, мусоидт ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои зикршуда раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуд, ки ҳалли дархости сокинони деҳот тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” сари вақт баррасӣ ва қонеъ гардонида шавад.