Экология

ДАРОМАДГОҲИ МАРКАЗИ ШАҲР ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёду таҷдиди иншооти гуногун ба таъмиру ободонии шафати роҳҳои нақлиётгард мароқи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Имрӯзҳо кормандони Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар даромадгоҳи маркази шаҳри Турсунзода саргарми кор буда, ба таҷдиду азнавсозии ҷӯйҳо ва роҳи пиёдагард, машғуланд, ки […]

Аҳолӣ

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДА ВА ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР ДЕҲАИ ШАҲРИСАБЗ

Дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода сокинони маҳал бо рӯҳияи баланди ватандорӣ машғули корҳои созандаву ободониянд. Хусусан, дар деҳаи Шаҳрисабз бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинон таъмиру роҳу ҷӯйборҳо, тоза намудани муҳити зист, чароғонкуниву хуррамгардонӣ муташаккилона идома дорад. Дар ин радиф дар бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркун ӣва ободонӣ дар шаҳри Турсунзода дар […]

Экология

ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲР БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШН

Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созанда ва хуррамгардонии шаҳр бо маром идома доранд. Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. аз гармхонаҳои гулпарварӣ ва ҳолати сабзиши онҳо дидан намуда, ҷиҳати тибқи талаботи агротехникӣ парвариши гулҳо, инчунин сабзу хуррам гардонидани шаҳр ба масъулин супориш додд. Қобили қайд […]

Хабарҳо

ПАЁМИ ПАЁМ Ё НИГОҲЕ БА БУНЁДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АҲАММИЯТИ АМАЛИИ ПАЁМИ СОЛОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

Тавре эълон гашт, рўзҳои оянда ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 пешбинӣ шудааст. Ёддошти зер баъзе мулоҳизаҳои назариявӣ, таҳлилӣ ва методологиро барои дарки дурусти таъйинот ва моҳияту аҳаммияти Паёмҳои солонаи роҳбари давлат дар низоми муосири давлатдорӣ дар бар мегирад, ки барои коршиносони ҷавон, намояндагони […]

Сиёсат

ПАЁМИ НАВБАТӢ-РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

26.01.2021 ш. ТУРСУНЗОДА Имрӯз дар бахшу сохтори мақомоти иҷории ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилот ва муассисаву хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карда шуд.

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ТУРСУНЗОДА

Дар шаҳри Турсунзода ҷашни Сада бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А, инчунин кишоварзон, ҳунармандон, ва доираи васеъи сокинон бо шукуҳу шаҳомат ва мутантан, бо шодию сурур, гулханфурӯзӣ, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат таҷлил гардид. Ҷашни Сада ҳамчун мероси бостон бо нигоҳ ба талаботи замон, пайванд ба ниёгон дар сартосари мулки номдори тоҷикон, бо […]

Хабарҳо

БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ БУДУ БОШИ САРБОЗОН

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили вохӯрӣ бо афсарону сарбозон, ки зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 27 ноябри соли 2020 баён доштанд, имрӯз гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон аз қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди шаҳри Турсунзода […]

Аҳолӣ

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ДЕҲАИ ДАҲБЕД

Тибқи нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади расидан ба арзу дархости сокинон қабули навбатии сайёри раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. бо сокинони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар деҳаи Даҳбед баргузор шуд. Сокинони деҳот вобаста ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди майдончаи варзишӣ, таъмини аҳолӣ бо […]

Маориф

БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. зимни баргузории қабули сайёри шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Қатароғ, инчунин бо рафти корҳои сохтмонии толори варзишӣ ва фаъолияти Маркази инкишофи кӯдак дар назди МТМУ№37 шинс шуд. Тибқи маълумоти директори муассиса Раҷабов Ашуралӣ 70 фоизи корҳои сохтмонӣ дар толори варзишӣ ба анҷом расида, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии […]

Экология

СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ – МОҲИПАРВАРӢ ВА РУШДИ АГРОТУРИЗМ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хоҷагии моҳипарварии “Парвиз” дар соҳили дарёи Қаратоғ ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд. Зимни суҳбат сардори хоҷагӣ Ҳабибов Убайдулло иброз дошт, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, хоҷагии мо ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд, ки ҳаҷман дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз […]