Хабарҳо

МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикситон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ машварати корӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни кори машварат роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини бахшу сохтори мақомоти иҷроия ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд.
Дар оғоз вобаста ба корҳои созанда ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Асозода Нуралӣ маърӯза намуд. Қайд гардид, ки дар шаҳр тибқи нақша аз 382 иншооти ҷашнӣ 242 иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти дигар корҳои созанда муташаккилона идома доранд. Дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодиии шаҳр низ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расид.
Баъдан муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Далатшоҳ Қурбоналӣ доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли ҷорӣ дар машварати корӣ баён гардидаанд, суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки дар машварати корӣ аз ҷониби Сарвари давлат масъалаҳои таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ, маводи ғизоӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба сарафакорона истифода бурдани нерӯи барқ муовини Сарвазири кишвар таъкид дошт, ки Ҳукумати малакат ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешида, вале аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.
Ҳамзамон ба масъулин таъкид гардид, ки дар заминаи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳр Турсунзода ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи буҷет, пардохти саривақтии маош ва нафақа дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, итеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни баромади худ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо эътимоди комил изҳор менамоянд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳр аз тамоми имкониятҳот истифода намуда, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *