Хабарҳо

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ БАРҚ

print
Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ ситоди шаҳрӣ таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам таъсис гардид.
Ҷаласаи ситод бо иштироки аъзои ситод, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони бахшу сохтори мақомоти иҷҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ баргузор шуд.
Дар ибтидо раиси шаҳр ҳозиринро бо рафти масъалаҳои дар машаварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасишуда шинос намуд. Қайд гардид, ки масъалаи муҳимтарини машварати кории назди Сарвари давлат вобаста ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ буда, дар он ба масъулин супориш дода шуд, ки дар шаҳру навоҳии мамлакат дар самти истифодаи самараноки нерӯи барқ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Акрамзода Парвиз таъкид намуд, ки гурӯҳҳои корӣ байни аҳолӣ муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо дар самти пешгирӣ намудани сарфаи зиёди барқ, истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшидат ва асбобҳои гармидиҳандаи ғайристандартӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ҷиҳати пардохти маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии зиёдшавии қарздориҳо даро ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Ҳамзамон ба кормандони ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” вобаста ба таъмини бемайлони қувваи барқ инчунин ҷиҳати сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда дустур дода шуд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *