Соҳибкорону фаъолон ва сокинони меҳнатдӯсту бонангу номӯси деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Регар санаи 1 марти соли ҷорӣ зимни вохӯрӣ бо раиси шаҳр идомаи корҳои сохтмониро дар муассисаи таҳсилотии №50, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта бозистода буд, нақшагузорӣ намуда, имрӯз нияти неки худро ба амали бузург табдил доданд. Тавассути ҳашари сокинон корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. […]
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо мақсади шиносоӣ бо сатҳи дониши хонандагон, савияи дониш ва малакаи омӯзгорон, вазъи таълиму тарбия ва давраи зимистонгузаронӣ аз муассисаи таълимии №56 дидан намуданд. Раиси шаҳрзимни суҳбат иброз намуданд, ки ҷавонон насли ояндасозу маориф таҳкимбохши пояҳои давлатдорист, аз ин лиҳоз, хусусан аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки […]
Сиёсати маорифпарварона ва ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро дар амал татбиқ намуда, фаъолони деҳаи Дурбеди Ҷамоати деҳоти Сешанбе сохтмони бинои нави таълимиро дар назди мактаби №79 бо эҳсоси баланди ватандорӣ идома дода истодаанд. Сокинони шарафманди деҳа нақша доранд, иншооти мазкурро , ки аз 2 ошёна ва 6 синхона иборат аст, дар оғози соли […]