Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тулуъ нюс» хабар медиҳад.
Тавре намояндаи расмии музофоти Пактиё Абдулраҳмон Мангал гуфт, ин ҳодиса бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда, ки ҳадафи он патрули муштараки неруҳои амнияти Афғонистон буд, рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба бозорҳо ва корхонаҳои маҳалли таркиш хисороти зиёд расидааст.