
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар қишри фарҳанги либосипушии мазҳабӣ аҳолии мо ба фарҳанги либоспушии арабҳо тақлид мекунанд. Тақлид ба анъанаи либоспушии кишварҳои арабӣ ба фарҳанги миллии мо ба фикри мо таъсири хуб намерасонад. Фарҳанги либоспушии кишварҳои араб фарҳанги миллии тоҷиконро танг карда истодааст. Анъанаи динӣ таълим медиҳад, ки ҳар як инсон мутобиқ ба шариат либос ба бар намояд. Дар китоби Қуръон сураи “Нур” ин масъала омадааст ва ин ақидаи мустақили фақеҳон ва олимони соҳаи дин нест, лекин масъалаи асосӣ дар он аст,ки дар масъалаи сатру ҳиҷоб як қатор шаҳрвандон ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Табиист, ки аксар мусулмонони Тоҷикистон масъалаи пурра пушонидани сару гардану рӯй ва ба бар кардани либоси пурра сиёҳро дастгирӣ намекунанд. Дини ислом ҳам пурра маҳкам кардани сару рӯйро барои зани мусалмон зарур намешуморад. Масалан то солҳои наздик модарон ва бибиён дар рустоҳо (деҳаҳо) либосҳои миллӣ сару либосҳое ба бар мекрданд, ки ба талаботҳои дини ислом ва фарҳанги миллӣ ҷавобгӯ буданд. Инчунин он сарпушҳои, ки бибиён ва модарони мо дар гузашта ва замони муосир ба бар мекунанд ба шариати исломӣ мухолифат намекунад.
Ғасби динӣ омили сиёсие мебошад, ки давлати алоҳида имкониятҳои иқтисодии худро васеъ намуда, дар ҳудудҳои нави ҷуғрофӣ қудрати сиёсӣ ва динии худро пойдор менамояд. Ғасби динӣ зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҷанбаҳои ақлонӣ ва ғайриақлониро дар бар мегирад. Асоси ақлонии онро мубориза барои фазои ҳаётан муҳими зиндагӣ ва аз худ кардани ҳудудҳои нав ташкил медиҳад. Ғасб ҳамчун категория ва қисмати универсалии раванди таърихӣ ифодакунандаи ҷанбаҳои бунёдии воқеъияти объективӣ мебошад. Объекти ғасби динӣ ҷаҳони ботинии инсон, ҷомеа ва дар маҷмӯъ давлат ба ҳисоб меравад. Асоси ғайриақлонии ин зуҳуротро идеяи динии ҳукмфармо ва идеяи метафизикии мубраму норавшан ташкил медиҳад, ки дар воқеъияти нави геопалитикии ҷаҳон амалишавии худро талаб менамоянд. Пиёдакунандагони ин нақшаҳои динӣ-мазҳабӣ гуруҳҳои динӣ- экстремистӣ ба монанди салафия, ҳизб-ут-таҳрир, ансоруллоҳ ва ғайраҳо мебошанд, ки аз пушташон қудратҳои бузурги сиёсию-иқтисодӣ намоён мебошанд.
Барои пайравони равияҳои динӣ-экстремистӣ ҳокимият объекте мебошад, ки бояд ба он мубориза баранд ва дар ҷои он ҳокимият модели динии давлатдории иртиҷоии худро пойдор намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки озодии фундаменталии инсонро, ки дар тамоми конвенсияҳои СММ қайд шудааст, ба фоидаи худ истифода бурда, дар дохили давлати соҳибистиқлол давлати динии худро дошта бошанд ва берун аз қонунҳои амалкунандаи давлат рафтор намуда, худашон шоҳу таъбашон вазир бошад. Фалсафаи иҷтимоӣ таълим медиҳад, ки ихтиёр, ирода ва хоҳиши инсон ба сохтори иҷтимоии ҷомеа рост намеояд, давлат вазифадор аст, ки дар чаҳорчубаи қонун ихтиёру хоҳиши ифротии инсонро хомуш намояд, ки ба дигар аъзоёни ҷомеа зарар нарасонад. Масалан як муллои чаласавод мехоҳад, ки имрӯз дар деҳаи дурдасти Тоҷикистон як духтари 9-соларо ба зани гирад ва ба ин воситаи авзои таҳамулпазири деҳаро вайрон намояд. Дар ин маврид давлате, ки тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро имзо кардааст ва худро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони меҳисобад метавонад, ки бетараф бошад? Албата не. Қайд кардан зарур аст, ки ихтиёру хоҳиши гуруҳҳои динӣ -экстремистӣ ба монанди салафия, ансоруллоҳ, ҳизб-ут-таҳрир, ки мақсади асосиашон ғасби динию мазҳабист ба он равона шудааст, ки иродаву хоҳиши ҷавонони моро шикаста ғасби динию-мазҳабиро ба сари онҳо бор намоянд.
Якчанд омиле ҳаст, ки ҷавонони тоҷик вориди ҳаракати террористии “Салафия” гашта, бо роҳҳои қочоқ барои ширкат дар “Ҷиҳодҳои шайтонӣ” тавассути гумоштаҳои ташкилот ва дастгоҳҳои ифротгароӣ ба Сурия, Урдан ва Ироқу Афғонистон ирсол карда мешаванд:
-Воизони мубаллиғ ва миссионерҳои дуруғзан, ки масъалаи “Ҷиҳоди исломӣ”-ро ғаразнок ва дар асоси принсипҳои террористон шарҳу тавзеҳ медиҳанд;
-Пурқувват будани таълимоти ақидаи террористии ифротгароӣ ва бемазҳабӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ дар ҷомеа ва бепосух мондани дасисаҳои онҳо аз ҷониби уламои исломии Тоҷикистон;
-Таблиғу ташвиқи идеология ва ғояҳои террористӣ, иртиҷоӣ ва экстремистӣ аз номи “Қуръон ва Суннат” тавассути дастгоҳ ва ташкилотҳои ифротгароии “Салафия”, “Байъат” ва “Ансоруллоҳ”;
-Ба таври ғайрирасмӣ тавассути гумошта ва дигар сарчашмаҳои махфӣ маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои ифротгароӣ ба аъзоёни такфирӣ ва ҷиҳодии Салафия;
-Бетарафии муаллимон, устодон, мулло ва шахсиятҳои динӣ, ки нисбат ба кирдор ва рафторҳои зидди исломӣ ва зидди қонуни аъзоёни ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ.
ОСТОНАЗОДА Сайдамин-аъзои гурӯҳи вакилии ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода.