Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва […]
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфта, барои пешгирии паҳншавӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои марбут ба ин вабои аср нақши муҳим дорад. Имрӯз ба муносибати иди касбии кормандони соҳа дар Шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода […]
Дар доираи равобити дӯстиву бародарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз дар баробари ҳайати шаҳру навоҳии ҳамсарҳад намояндагони шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акам ба шаҳри Тирмиз сафар намуданд. Ҳокими вилоят Боболов Тӯра Абдиевич меҳмонони тоҷикистониро самимона пазироӣ ва […]