Нуқтаи назар

ДАР МАСЪАЛАИ ЭКСТРЕМИЗМ НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ

print
Экстремизим ҳамчун падидаи номатлуб боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ин қатор боиси хавотириҳои мардуми кишвари мо ҳам шудааст. Ҳамагон медонем, ки айни замон ҷаҳони муосир аз вазъи сиёсии вобаста ба бархурдҳои ақидаҳои диниву мазҳабии дар баъзе кишварҳои Аврупо ба мисли давлатҳои Фаронса, Австрия ва Олмон ба миёномада дар ташвиш аст. Аз ҷумла, давлати Тоҷикистон, ки мардуми он аз дини мубини ислом пайравӣ доранд, нисбат ба ин падидаи замон бетафовут нигоҳ карда наметавонад. Ин вазъи ба миёномада, ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳо ва гуруҳҳои иртиҷоию экстремистиро ба ҳаракат овардааст. Бархурди ақидаҳои диниву мазҳабӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ ва ғаразхоҳонаи дунёталабон замина фароҳам оварда, бо баҳонаи дифоъ аз динӣ ислом қатлу куштори мардуми бегуноҳ дар шакли террор анҷом дода мешаванд.
Баробар бо ин, паҳншавии ақидаҳои иртиҷоии ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар бурдани корҳои тарғиботӣ тавассути ташкил намудани гуруҳҳо, интишор ва паҳн намудани китобча, фита ва варақаҳо мушоҳида мешаванд. Яке аз чунин гуруҳе, ки бо ҳаракати иртиҷоии худ кайҳо авзои сисёсии чандин давлатҳо, аз ҷумла, давлатҳои исломӣ ба мисли Сурия ва Ироқро ноором сохтаву дар ин давлатҳо оташи ҷангро афтрӯхтааст, бо номи “Давлати исломии Ироқу Шом” (бо таври кӯтоҳ ДИИШ) аз мавҷудияу амалҳои террористиаш ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Низоми мавҷудияти ДИИШ ин бо воситаи ҳиллаву найранг, истифодаи номи поки ислом, таъвилу таҳрифи оятҳои қуръонӣ одамонро фирефта, онҳоро ба узвияти худ ҷалб намуда, аз фирефташудагон сохтани як террорист (аз ҷумла, террористи “худкуш”), барпо намудани муноқишаҳои мусаллаҳона ва табаддулотҳои давлатӣ, дар ин ё он давлат бо қатлу кушторҳо ваҳм андохтан ба дили оламиён иборат аст.
Боиси таассуф аст, ки ҷавонони мо, фарзандони миллати барӯманди тоҷик низ ба доми мубаллиғони ин гуна гуруҳҳо афтода, имрӯз дар кишвари Сурия, Покистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифтаву дар муқовиматҳои мусаллахонаи дохили ин давлатҳо иштирок мекунанд. Ин ҳама ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ногуворе, ки аз ҷониби террористон бо номи ҳимоя аз дини мубини ислом бо қатли мардуми бегуноҳ анҷом меёбад, мардуми моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар ин масъала назари ҷиддӣ дошта бошем. Зеро имрӯз ба ҳамаи мардуми ҷаҳон хатари муқобилгузории дину мазҳаб таҳдид мекунад. Биёед назар кунем, ки ин чи гуна ҳаракат аст ва амалҳое, ки имрӯз аъзои он анҷом дода истодаанд, дар асл чӣ воқеиятро ифода мекунанд: кофир эълон намудани нафароне, ки ҳамақидаи онҳо нестанд ва ҷоиз донистани рехтани хуни онҳо, қатли ом, бераҳмона сар задани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мардуми бегуноҳ, тарконидани масҷидҳо,истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа бар муқобили одамони бегуноҳ, аз номи ислом даъват ва гумроҳ намудани ҷавонон ва бедодиву беадолатиҳои дигар…
Тавассути воситаҳои ахбори умум хабар доред, ки дар кишварҳои хориҷ аз ҷумла, шаҳри Венаи давлати Австрия аз тарафи як нафар террорист мардуми роҳгузари бегуноҳ тирборон шуд ва ё чӣ тавр, дар яке аз шаҳрҳои Фаронса дар қатори як руҳонӣ ду нафар зани бегуноҳ сарбурида шуданд. Ин ихтилоф миёни мазҳабу дин аст, ки аз тарафи манфиатҷӯён роҳандозӣ шуд: гуруҳе, ки бо ғарази сиёсӣ ва ҷаҳонхоҳӣ воситаи ба кор анохтани механизми ҷангандозии миёни мазҳабу динҳоро дар қатли ана ҳамин мардуми бегуноҳ донистаанд. Дар сурате, ки тарконидани масҷиду ибодатгоҳҳо, ки новобаста ба дину мазҳабҳо ҷои ниёиши Худованд аст, қатлу куштори роҳгузарон – як зан ва ё як нафари бегуноҳ, ки ҳатто пурсида намешавад, ки аз кадом дину мазҳаб пайравӣ мекунад, ба ягон меъёри ахлоқи башарӣ аз ҷумла, фармудаи шариати ислом рост намеояд.
Тавре гуфта шуд, имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои миёни давлатҳои исломӣ ва Аврупо ба авзои сиёсӣ ва муносибатҳои миёни давлатҳо аз ҷумла, давлати мо низ бетаъсир нахоҳад буд.
Дар чунин вазъи ҳассос бояд суханони таърихии Пешвои миллатамонро, ки аз минбари Созмони милали муттаҳид ба ҷаҳониён иброз гашт, ёдрас кунем: «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард».
Дар чунин вазъият, бадхоҳони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода, тақдири халқи кишварро ҳал кардан мехоҳанд, тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба ҳукуматдорон ва мардуми мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст мавриди интиқод қарор медиҳанд. Бо истифода аз вазъи замон ва рӯйдодҳои рӯзҳои ахир бо талош доранд, ки бо воситаи бурдани таблиғот, мардуми ноогоҳро фиребанд ва онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд.
Натиҷаи зиракии сиёсии мо он бошад, ки хатои давлатҳои исломии ҷангзадаро такрор накунем, балки аз хатои онҳо ибрат гирем, ба иғвоҳо дода нашуда, дар атрофи Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем, дар ҳимояи ватани азизамон ҳама чун як тан пойдор бошем. Мо бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум буда, Сарвари давлат ҳама чораҳоро меандешанд, ки Тоҷикистони мо аз амалҳои терростиву экстремистӣ эмин бошад.
Чун табиатан инсонҳо ҳамеша дигаргуниро ба самти хубиҳо ва беҳтаршавиҳо дидан мехоҳанд, мо ҳам мехоҳем, ки вазъияту дигаргуниҳои беҳтару мусбатро дар кишвар ва тақдири мардуми кишварамон бубинем. Барои ин, бори дигар таъкид мекунем, ки бояд ҳама дар атрофи Сарвари давлатамон, ки маҳз бо роҳбарии ин фард мардуми кишварамон ба беҳтари неъмати илоҳӣ – даврони суботу осоиштагӣ ноил гаштаем, муттаҳид бошем.
Ободкору созанда бошем, амну осудагии рӯзгорамонро бо шукргузориҳо дар назди Худованд ҳифз кунем. Бо он хотир, ки худи Худованд фармуда, ки шукргузор бошему неъматҳои додаашро ҳифз намоем. Писанди Худованд хоҳад буд, ки ҳар амалу кирдори мо ба манфиати инсонҳо нигаронида шуда бошад.
Нарзулло МУСАЕВ,
сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну
маросими ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *