Нуқтаи назар

МУШКИЛОТИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

print

Ҷаҳонишавӣ равандҳои хоси рушди ҷаҳонро дар арафа ва оғози асри XXI  таъин менамояд. Моҳияти он аз босуръат тавсеа ёфтан ва мураккаб шудани робитаю вобастагиҳои тарафайни байни одамон ва давлатҳо низ иборат буда, дар ҷараёни ташаккули фазои иттилоотии сатҳи ҷаҳонӣ, бозори ҷаҳонии сармоя, мол ва қувваи корӣ, ба сатҳи байналмилалӣ баромадани проблемаҳои таъсироти техногенӣ ба муҳити атроф, низоъ ва амнияти  байни қавму динҳо ба зуҳур меояд.

Ҷаҳонишавӣ раванди мураккаби замони муосир буда, фарогири ҳама соҳаҳои ҷомеа мебошад. Кишвари соҳибистиқлоли мо аз ин ҷараён дар канор нест. Тоҷикистон пас аз касби  истиқлолият бемамониат вориди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.  Чунин воридоте ин маъниро дорад, ки акнун дар муносибатҳои сиёсати берунӣ мутобиқ ва муносиби  қоидаю қонун ва низоми байналмилалӣ амал кардан ҳатмӣ мегардад.

         Тайи муддати зиёда аз бистсолаи соҳибистиқлолии давлати тоҷикон сиёсати берунӣ дар таъмини мустақилияти Тоҷикистон нақши муҳимтарин бозидааст. Сиёсати хориҷии ҳар кадом давлат таваҷҷуҳи нақшгузорони асосии геополитикӣ, ҳамсояҳо ва шарикони корпоративиро ба худ ҷалб менамояд. Тоҷикистон истисно намебошад. Ҳар кадом марҳалаи тағйири муносибатҳои байналмилалӣ аз давлат бобати пайдо намудани мавқеи сиёсии берунии ҷавобгўйи манфиатҳои миллии кишвар  масъулияти ҷиддиро талаб мекард. Тоҷикистонро зарурат пеш омадааст, ки дар ҳар давраи тағйироти глобалии сиёсати ҷаҳонӣ сиёсати берунии худро ба он  мутобиқ намояд. Муҳаққиқи тоҷик Р.Ҳайдаров ба ин масъала дахл намуда, чунин иброз медорад: «Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавони соҳибистиқлол, ки роҳи бунёди иқтисоди бозории тамоили иҷтимоӣ дошта ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифтааст, ба ин ё он дараҷа дар таҷрибаи худ таъсири глобализатсияро эҳсос менамояд. Ин бошад, бинобар вориди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар, фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ, рушд кардани шабакаи ҷаҳонии Интернет дар минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ муҳими мамлакат, ҳамойиши бозори молиявии кишвар ба фазои молиявии ҷаҳонӣ ба амал меояд. Раванди глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ ҳамкории зичи мамлакатҳои минтақаро дар назар дорад. Зимнан ин ҳам ба  мамлакатҳои тараққикарда ва низ давлатҳои  дар ҳоли рушд дахл дорад. Кишварҳои пасошўравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, раванди ҷаҳонишавиро бо тағйири на танҳо низоми сиёсӣ, балки низ иқтисодӣ истиқбол гирифтанд».

               Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо як қатор мушкилоти дохилӣ рў ба рў гардид. Сатҳи баланди камбизоатӣ, рушд накардани соҳибкории хусусӣ ва  ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин ҷумла буда, бо ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ аз нақшгузорони асосӣ мебошанд, ҳаллу фасл ёфта метавонад.  Ҳамвора ба ин,  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор гирифтааст. Дар шароити рушди кишвари мо дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи асосӣ таҳияи тарзу усули (модели) самараноки пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад.

Дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти вобаста ба он дар баробари омилҳои асосии зерин ба тақдири Ватан ва халқи мо таъсири дарозмуддати ногувор расонида метавонанд.

Аввалан, кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити буҳрони шадиди сиёсию идеологӣ  ташаккул ёфтааст, пасон ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилиҳои давраи пас аз мухолифат, набудани сохтору механизмҳои муассири идораи давлат ва ҷомеа.

Дувум, давлати ҷавони соҳибихтиёри мо, ҳамзамон бо таъсис ва таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, сиёсию маъмурӣ, маҷбур шуда буд, ки дар ҳамаи соҳаҳо ва қабл аз ҳама, дар бахши иқтисод ислоҳоти бунёдӣ ба амал оварад. Табиист, ки иқдоми мазкур равандҳои иҷтимоиро шиддат бахшида, ба фаъолияти густурдаи неруҳои сиёсии дохилӣ ва низ саъю талоши таъсир расонидани доираю гурўҳҳои минтақавию байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Севум, ҷаҳонишавӣ, мисли он ки дар ҳар ҷойи дигар, ба ҳувияти миллӣ ва асолати арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, симо ва тақдири  миллии мо ҷиддан таҳдид кард. Ба ин сабаб саъю талоши доимӣ ва қотеонаи мо бобати ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистон гардида, як қатор тадбирҳои самарабахшро тақозо намуданд.

Чаҳорум, бар асари хусусиятҳои хоси ҷаҳонишавӣ фаъолияти доираҳои террористию экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир хеле тавсеа ёфт, ҳол он ки қаблан дар доираи маҳдуд амал мекард, имрўз бошад, ба таҳдиди ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Панҷум, ҷаҳонишавӣ тавозуни беҳтари муносибатҳо ва суботи бештари низоми байналмилалиро мусоидат карда натавонист, имкони аз байн бурдани хавфи эҳтимолии бархўрди тамаддунҳоро пайдо накард. Чунин вазъ барои ҳамаи давлату кишварҳо ва, дар навбати аввал, барои давлатҳои ҷавон хатари ҷиддӣ дорад.

Дар партави раванди ҷаҳонишавӣ ҳимояи амнияти зеҳнӣ, дурнамои рушди илм, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вазъи Академияҳои мухталифи кишвар, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, сатҳу сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва масъалаҳои бақодории манфиатҳои миллӣ ҷанбаҳое мебошанд, ки роҳбарияти олии кишвар таҳти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар асри 21, ки асри иттилоот ном  гирифтааст, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Имрўз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд.  Расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Иттилоот ва амнияти иттилоотӣ вобаста ба раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳам тавъаманд. Ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ арзи вуҷуд мекунанд. Агар имрўз мо дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотии душманони миллату давлат истодагарӣ накунем, он  ба амнияти милливу давлатии мо таъсири манфӣ расонида метавонад. Ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳанд, ки аксари онҳо аз тариқи даъвати мардум тавассути  расонахо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, тўдаҳою анбуҳи одамон ба майдонҳо оварда шудаанд.

Муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ ин аст, ки бояд воситаҳои ахбори омма моҳияти рўйдодҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявию байналмилалии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланди касбӣ, ба таври мушаххас, дарвақт ва фаҳмо ба ҷомеа расонида, дар ташаккули афкори мусбат ва дуруст дар ҷомеа саҳми муносиб гузоранд. Дар ин сурат шиддати таъсири ҳар гуна иттилои беасос ва бардурўғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ва ҷонибҳои манфиатхоҳ камтар шуда метавонад. Гап дар сари он аст, ки инсон вобаста ба табиати худ ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод пайдо мекунад. Эътимод ва боварӣ ба иттилои расонаҳои боэътимод бовариро ба мақомот ва ҳукумат бештар менамояд. Қудрат ва тавони иттилоъ ба андозаест, ки баробари пахш шудан иттиҳодро барпо ё онро пароканда карда метавонад. Яъне, ҳам созанда аст ва низ сўзанда. Бинобар ин мақомоти марбутаро зарур аст, ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим эмин доранд ва  аҳли ҷомеаро низ мебояд, ки аз равандҳои имрўзаи ҷаҳони муосир сабақ бигирад.

Ба вуқўъ омадани тақсимоти нави ҷаҳон миёни абарқудратҳо ва қудратталабон баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳаёти башарият тағйироти куллӣ ба миён овард.Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти инсоният омезиш додааст. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори омма эҳсос мегардад ва дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ, ҳамзамон  иттилоот ва васоити ахбори омма дар ҷараёни амалӣ шудани манфиати ин ё он қувваю гурўҳи муайян ба таври конкрет истифода мешаванд.

Ба миён омадани мафҳумҳое ба монанди «ҷанги иттилоотӣ» дар ҷахони муосир сабабгори нигарониҳои зиёд шудааст. Муҳаққиқи тоҷик Ҷовид Муқим дар ин робита чунин изҳори назар кардааст:  «Ҷанги иттилоотӣ ин таъсиррасонии нақшавӣ ба тамоми системаи иттилоотиву иртиботии душман ва давлатҳои бетараф бо мақсади ташаккул додани фазои мусоиди ҷаҳонии иттилоотӣ барои гузаронидани амалиётҳои сиёсӣ мебошад, ки назорати аксари ин фазоро таъмин менамояд». Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони муосир ҷанги иттилоотиро асосан кишварҳои абарқудрату қудратталаб ва ташкилоту қувваҳои бузурги ҷаҳонӣ барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ истифода мебаранд. Коршиносону муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ ба мақсади амалисозии манфиат ва сиёсати онҳо роҳандозӣ гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ба ин дараҷа қувваи бузургро ба даст овардани ин вабои замон тариқи иттилоот муаррифӣ шудани хаёлоти бофтаю осмонии онҳо мебошад, ки гўё хизмат ба дин менамоянд, вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осойишта ва амалигардонии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо чизе нест. Фаъолияти ДОИШ ва ташкилотҳои дигари террористию экстремистӣ дар миқёси байналмилалӣ ва  дар ҳудуди кишвар бошад,  фаъолияти ТТЭ ҲНИ  мисоли равшани ин падидаҳои номатлуб мебошад. Мақомоти амниятии кишварҳои сайёра дар пайи маҳву нобудсозии гурўҳҳои террористӣ талош меварзанд. Алҳол дар ин самт амалҳо сурат гирифта, садҳо ва бештар аз он сомонаҳои интернетии таблиғотии гурўҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо баста шудаанд.

Қисме аз олимон ақида доранд, ки афзойиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакатҳо таҳдид ба бор оварда метавонад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон фаъолияти расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ва хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шудааст. Матбуоти кишвари мо дар муқоиса бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафтҳои зиёд дорад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад ». Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд. Вале дар баъзе ҳолат бознашр гардидани ин ё он хабару маводи таҳлилии ғаразноку иғвобарангез ва хусуматомез дар ВАО-и хориҷӣ ва мустақил, ба хусус, нашрияҳои чопиву электронӣ миёни ҷомеа мушкилот ба бор оварда, ба эътибори кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Мақомоти марбута, хабарнигорони ихтисосманд, зиёиён ва ҳар як фарди огоҳи ҷомеа вазифадоранд, то суду зиёни истифодаи интернет, дигар намуди ВАО ва дурустии маводҳои нигошташударо ба мардум фаҳмонанд.

Ғафурҷон СОБИРЗОДА,

 муовини раиси шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *