Имрӯз дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Аҳоруни ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода барои 300 хоҷагӣ, ки беш аз 1000 нафар аҳолиро дар бар мегирад, хати оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин кори муҳим бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот”, Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода инчунин саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолон ва сокинони деҳот амалӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳ директори генералии КВД Хоҷагии манзилию коммунали Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иштирок намуданд.
Зимни суҳбат бо сокинони деҳа раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба соҳибкорону фаъолон ва сокинони деҳаи Аҳорун, ки дар ин иқдоми муҳим саҳмгузорӣ намуданд, изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар иқдоми созандаи муҳтарам Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум корҳои назаррасро амалӣ намуда истодаанд, ки таъмин кардани аҳолии деҳаи Аҳорун бо оби босифати ошомиданӣ аз ҷумлаи онҳост.
Боиси қайд аст, ки хатти мазкур аз масофаи 3500 метр бо қубури қутри 90 мм кашида шуда, анҷоми корҳо бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳа дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва техникаи Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода сурат гирифт.