Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ аз ҷумлаи бунёди иншооти иҷтимоӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист, таъмири роҳҳои автомобилгарду роҳравҳои маркази шаҳр, чароғонкунӣ ва ғайраҳо дар шаҳри Турсунзода бомаром идома дошта, ба шаҳр симои тоза зам намуда истодааст.
Имрӯзҳо дар баробари корҳои зикршуда ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳат ва фароғати сокинону меҳмонони шаҳр дар шафати роҳравҳо насби нишастгоҳҳо ҷараён дошта, ҳамчунин атрофи нишастҳо сафолакпӯш ва хуррамгардонӣ карда мешавад