Хабарҳо

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон

print

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси саодату шукргузорист, ки имсол низ зери парчами ваҳдату ҳамдилӣ дар Тоҷикистони азиз Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Фоли нек аст, ки соли ҷорӣ инчунин Рӯзи омӯзгорон бо ин сана тавъам омадааст.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёронро муборакбод намуда, боварии комил дорем, ки забони давлатӣ дӯстиву ҳамдилии сокинони шаҳри моро боз ҳам мустаҳкам мегардонад.

Ба тамоми омӯзгорони гиромӣ, ки барои поку беолоиш будани саҳми беандоза доранд, дар иҷрои касби пуршараф ва омӯзиши забони давлатӣ ба насли ҷавон барору комёбӣ таманно дорем.
Ҳамдиёрони азиз,
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ аз санҷишу имтиҳонҳои сангини таърих гузашта, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Забони ҳар халқу миллат ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанг маҳсуб ёфта, дар раванди таъсис ва бунёди давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муттаҳидкунандаи миллат буда, ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳонгофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва ташаккули забони давлатӣ шароити мусоиди қонунӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шуд.
Боиси шарафи ҳар фарди миллат аст, ки забони тоҷикӣ инчунин дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими башарӣ, аз қабили сулҳу амният ва дӯстиву бародарии оламиён садо медиҳад.
Ҳамдиёрони азиз,
Дар шаҳри Турсунзода қавму миллатҳои гуногун чун дӯсту бародар дар фазои осоишта зиндагӣ ва кору фаъолият намуда, баҳри шукуфову ободии Ватан меҳнати софдилона менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки забони давлатию арзишҳои миллиро миёни сокинон эҳтиром дошта, эътимоди комил дорем, ки аҳли зиё ва ҳар сокини диёр забони тоҷикиро покиза нигоҳ дошта, ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бузургӣ ва моҳияти муҳими забони давлатӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҳифзи он кӯшиш ба харҷ диҳем. Чуношгне, ки муҳтарам Пешвои миллат фарсмудаанд, “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем“
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Барои омӯзиши забони давлатӣ, татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи маориф, тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ омӯзгорон саҳми муассир доранд.
Омӯзгорони мо бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарѓиби дастовардҳои истилолият, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа саъю талош карда истодаанд.
Доир ба саҳми омӯзгорон дар тарбияи ҷомеа муҳтарам Пешвои миллат чунин фармудаанд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки шогирдонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.
Боварӣ дорем, ки маорифчиёни шаҳри мо эътимоди муҳтарам пешвои миллатро сазовор гардида, минбаъд низ ҷиҳати тарбияи насли ояндасоз самимона ва пурсамар меҳнат менамоянд.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар устодон ва ҳамдиёрони азизро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон самимона шодбошӣ намуда, сиҳативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем

Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *