Санаи 19-20 сентябри соли ҷорӣ беш аз 200 нафар ҷавонони шаҳри Турсунзода бо самимият ва муҳаббати беандоза нисбати марзу буми Ватан ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода ҳозир шуда, омодагии худро ҷиҳати. хизмати Ватан Модар изҳор доштанд.
Ҷавонон ва волидоне, ки дар рӯзи даъватшаванда ширкат варзиданд, шукронаи сулҳу осоиши Ватан карда, изҳор доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ, ифтихор ва мактаби мардонагии ҳар ҷавон ба ҳисоб меравад.
Инчунин санаи 19 сентябри соли ҷорӣ ба беш аз 20 нафар волидоне, ки фарзандонашон дар сафи Қувавваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати Модар-Ватанро идома дода истодаанд, номаи миннатдории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷиткистон, генерал полковник Шералӣ Мирзо расонида шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо барои тарбияи хуби фарзандатон, ки мо дар симои ӯ ҳимоятгари ҳақиқии Ватанро мебинем, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуршараф ва кори мардони ҳақиқӣ мебошад.
Фарзанди Шумо бо интизоми хуби ҳарбӣ, хизмати софдилона ва ҳушёрию далерӣ бешубҳа номбардору ҳимоятгар содиқи Ватан мебошад. Аз ин лиҳоз, ба Шумо барои тарбияи чунин фарзанди ҳушёру қобил ва пурмасъулият арзи сипос менамоем”.
Номаи сипоси Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар фазои тантанавӣ супорида шуд.