Нуқтаи назар Хабарҳо

Қурбоқа даъвои наъл кардааст…

print
Ба ростӣ, кайҳое ман ҳам орзу доштам, ки Президент шавам, баъдан онро хати батлон задам. Чаро? Аскари бад нестам, орзу ҳам дорам, ки генерал шавам. Вале президентиро аз фикр дур кардам. Боз ҳам чаро?

Чунки мисли Эмомали Раҳмон буда наметавонам. Ин Шаҳсавори дунёи сиёсат ҷон дар рамақ суи аду рафт, инро ман наметавонам. Ин Нобиға куҳро бо нохун шикофт, инро ман наметавонам. Ин Фарди боасолат чор дарвоза баҳри кишвар бикшод, инро ман наметавонам. Ин Булбулсаро аз минбари СММ бо забони ноби тоҷикӣ дунёро ба адолат даъват кард, ман наметавонам. Ин Раиятпарвар моро ному нон дод, ман наметавонам. Ин Нурафзои миллат моро аз зулмот бурун овард, ман наметавонам. Иқдомҳои неки Пешвои муаззами миллатро кули дунё пазируфтааст, маро ҳоло ҳамсояам дуруст намешиносад. Ман ин ҳамаро наметавонам кард.

Ин писсимзм нест. Ин оптимизмест, ки аз ҷавлонаи нерўи рўзафзун ва нуронияти пойбарҷойу фалакафзои Пешвои миллат маншаъ гирифтааст.

Пас, чӣ бар ҳоли кадом як Иргашов ҳаст. Ту, бо Иргашов буданат, бо уне, ки изорат аз шаби дируза ҳоло хушк нашудааст, коғазе надорӣ, ки аъмоли пасти дирузаатро тоза бикунӣ, қудрате надорӣ, ки себи болои дарахтро биканӣ, чӣ ҷое, ки дасти сарони давлатҳои абарқудратро бикашӣ, бо уне, ки дар адвокатиат аз бесаводиат муваффақ нашудиву имрўз ба домони поки Ватан санги адоват мерезӣ, чӣ ҳуқуқе дорӣ, ки барои сарварии миллату Ватан даъво намоӣ?

Ту, Иргашов, ки хуни манғитӣ дорӣ, (аз насаби манғитиат мусаллам аст) маҳсули эҷоди пас аз тухми мурғ ҳастӣ, на бештар аз он. Ту резиши пайванди гови нару мода ҳастӣ, на бештар. Туро метавон як унвон дод: зодаи зулмоту, пайванди ҷаҳолат ва натоиҷи беақливу бефарҳангии ду нафси ҳарром.

Ту барин ҷоҳталабонро бар чоҳ меандозем. Ту барин тоҷталабонро оҷ бар саратон мезанем.

Воқеан, ту ҳақ дорӣ, ки аз ҳуқуқат истифода барӣ ва дар ин маърака иштирок кунӣ. Ин ҳуқуқи ҳаққониятро касе мамнуъ накардааст. Лек, ин рафторат, рафтори қурбоқаеро мемонад, ки баробари асп бо даъвои наъл панҷаашро ба суи оҳангар бурдааст.

Агар қурбоқаӣ, пас даъво бикун, вале фаромуш накун, ки барои бардоштани наъл ҳоло ҳунаре ҳам надорӣ.

Боқӣ вассалом, доду арзи ту мисли ҷакидани саги қанчиқ аст, ки барои корвону солораш мисли виж – вижи хомушак ҳам нест. Медонӣ чаро? Чунки ту Иргашов ҳастӣ, Иргашови манғит наметавонад тоҷикро роҳнамоӣ кунад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *