Нуқтаи назар

ХАТАРИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУББА ҶОМЕА

print

Дар ҷараёни таълими фанҳо, хусусан фанҳои гуманитарӣ Дар замони имрӯза яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ватани азизи мо Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, терроризм, экстемизм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мегардад. Мақсади ниҳоии он таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба инсоният ва умуман ба аҳли ҷомеа хатари марг ба миён меоварад. Мақсади он ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.

Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсадиниҳоиионҳобаҳарроҳувоситасозмондоданидавлатиягонаибесарҳадимусулмонист.

Аз ин рӯ мо – омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо ҳисси масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем. Дар таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон саҳмгузор бошем. Онҳоро дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ҳидоят намоем ва чорабиниҳои тарбиявию беруназдарсӣ дар масъалаи хавфи терроризму экстримизм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон дар масъалаи гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ба мисли террористию экстремистӣ эътибори махсус диҳем.

 Мавриди таъкит аст, ки намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо чавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.

Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди чалбшаванда, тадриҷан ноаён суръат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натича фурсатеро, ки дахолат карданд ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер намудан ва беаҳмияти зоҳир намудани чомеа боиси вусъат пайдо намудани тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни чавонон мешавад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудаест, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд.

Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд. Бо ин роҳ мехоханд ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Албатта чунин амалҳои номатлуб ва ноҷавонмардона носипосӣ ба ватан ва хиёнат ба миллат аст. Таърих чунин шахсиятҳоро ба мисли: М.Кабирӣ, Салимпур, Садриддин, С. Муҳаммадиқбол ва асосгузори ҳизби дар ҷумҳурӣ мамнуъшуда-Аёмиддин Сатторовро ҳаргиз намебахшад.

Дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрӯза,  дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гӯшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рӯй дода истодаанд. Таи чанд соли охир қисман ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани ҳисси ватандӯстӣ, надоштани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, шомил мешаванд. Онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комилвуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳохавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.

Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳони нерӯҳои гуногун, вазифаи муқаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои террористию экстремистӣ ва ифротгаро мебошад.

Мебояд, ҷавонон дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, маърифати шаҳрвандӣ, риояи арзишҳо миллӣва ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд.

Ҷ.Ғанизода,С.Усмонов,

 устодони  Донишкадаи давлатии санъати

тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *