Маориф

ТАҲСИЛ ДАР БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

print

Хонандагони муассисаи таълимии №29, деҳаи Обшорон ва муассисаи таълимии №69 – и деҳаи Зиёраттути ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода соли нави таҳсилро дар биноҳои нави таълимӣ оғоз намуданд.
Ба ин муносибат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар баргузории чорабинии Рӯзи дониш ширкат варзида, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар пайравӣ ба ин иқдом мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои зарурӣ меандешад. Таъкид шуд, ки бинои муассисаҳои таълимии №29 ва 69 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ва фаъолони деҳаҳои Обшорон ва Зиёраттут сохта шуд.
Инчунин Акрамзода ба хонандагон таъкид намуд, ки миллати мо азқадим соҳиби илму дониш, шаҳрсозу шаҳрдор ва тамаддунофар буданд. Боварӣ дорам, ки шумо-ворисони аҷдоди сарбаланди мо аз чунин имкониятҳои мусоид истифода бурда, ҷиҳати омӯзиши илму дониш кӯшиш менамоед.
Инчунин аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи эълони бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *