Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

print

Ҳамдиёрони азиз!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо яке аз муаддастарин љашни миллӣ Иди саиди Курбонро зери фазои сулҳу амонӣ   ва рӯзгори осуда пешвоз мегирем.  Аз ин лиҳоз, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мардуми меҳнатёри шаҳри Турсунзодаро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, тансиҳативу бурдборӣ, хушбахтиву иболи нек ва хонаи обод орзу менамоем.

Ҳамдиёрони азиз!

Дини мубини ислом сарчашмаи имону адаб, махзани панду насиҳат, тарғибгари покӣ ва некиву накӯкорӣ  маҳсуб ёфта,  иди саиди Қурбон ҳамчун арзиши муаддаси динӣ меҳру муҳаббат, башардӯстиву инсонпарварӣ ва шафқату бародариро устувор ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа  таҳким мебахшад.

Ҳамасола дар арафаи иди саид садҳо нафар ҳамдиёрон фаризаи ҳаҷро, ки аз ҷумлаи рукнҳои панҷгонаи дини ислом маҳсуб меёбад, бо зиёрати Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба ҷо меоварданд. Мутаассифона, соли ҷорӣ ин  рукни муҳими иди Қурбон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус амалӣ нагардид. Вале боварии комил дорем, ки мардуми таҳаммулгари мо иди Қурбонро бо амалҳои неку созанда пешвоз гирифта, барои сулҳу оромӣ, субот ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон дуои хайр намуда, кӯшишу ғайрати  созандаро беш аз пеш ба бунёдкорӣ ва тарғиби одобу ахлоқи ҳамида равона месозанд.

Мардуми шарифи мо дар доираи баргузор намудани иди Қурбон баробари арҷ гузоштан  бар арзишҳои неки инсониву маънавӣ, аз қабили рафтору кирдору аъмоли нек, дӯстиву рафоат, созан­да­гиву ободкорӣ ва тарғиби омӯзиши илму маърифат ва дигар хислатҳои ҳамида,  инчунин ба ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат хайру сахо ва кӯмаку дастгирии худро дареғ намедоранд.

Сокинони шаҳри мо ҳамчун ворисони фарҳангу тамаддун ва расму оинҳои бостонӣ хуб медонанд, ки сарфаю сариштакорӣ баракати зиндагиро афзун мегардонад. Аз ин рӯ, ҳамдиёрони азиз ва пеш аз ҳама, модарону хоҳарони муҳтарамро мебояд, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар амал татбиқ намуда, ҳангоми оростани дастархони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ роҳ надиҳанд. Сарфае, ки аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷот ба даст меояд, пеш аз ҳама, барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф намоянд ва ба ниёзмандон дасти мадад дароз кунанд.  Вобаста ба ин, дар ҳадисҳои Пайғамбари ислом  низ таъкид шудааст,  ки ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону ниёзмандон дода шавад.

Ҳамдиёрони азиз!

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус (СОVID-19) моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем. Ба таҳлука наафтода, талаботи беҳдоштиро дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, барои ҳифзи саломатии худ, аъзои оила ва аҳли ҷомеа талош варзем, зеро  тибқи таълимоти дини мубини ислом ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ аз фаризаҳои дигар болотар аст.  Тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии беморӣ буда, аз нуктаи назари ислом тозагӣ аз талаботи асосӣ маҳсуб меёбад. Дар ин хусус Пайғамбари ислом дар ҳадиси худ мефармояд: – “Покизагӣ нисфи имон аст”.

Эътимоди комил дорем, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо риояи тавсияи табибон ҳифзи саломатии худро ҳифз намуда, ин мушкилотро бо сабру тамкин паси сар карда, ба заҳмати софдилона машғул мешаванд, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ба хотири фаровонии дастархони хеш аҳлона заҳмат мекашанд.

Ҳамдиёрони гиромиадр,

Бо эътимод метавон изҳор дошт, ки  мардуми сарбаланди шаҳри мо  таҷлили Иди Қурбонро бо тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ҳидоят кардани онҳо ба илму дониш ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ ҳамрадиф намуда, ҷиҳати рушду тараиёти Ватани азизамон саъю талоши бештар мекунанд.

Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар ҳамдиёрони  азизро ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳр сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иболу хушбахтиро таманно менамоем.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *