Нуқтаи назар

Нопокиҳои навбатии Кабирӣ

print

Дар ҳақиқат вақте, ки фитна болои мардум меояд,  кӣ ва чӣ будани шахсиятҳо зоҳир мешавад. Ҳақиқат, дурӯғ ва хубу бад аз якдигар ҷудо мешаванд. Ин  ҳам бошад яке аз тақдири илоҳӣ ба бандагонаш мебошад. Худованд дар сураи “Анфол” ояти 37 мефармояд: “…То Худо нопокро аз пок ҷудо кунад ва нопоконро барҳам занад”.

Ҳаёт сар то по майдони мусибату ибтило ва имтиҳон аст, ки мардум дар он ҳама як нестанд, баъзе аз онҳо Аллоҳро ибодат мекунанд, вақте болояш хубӣ ояд, хурсанд мешаванд, вақте ба мусибат дучор шуданд, аз роҳи рост баромада, тағйир мехӯранд, ки сабаби хору залилии дунёву охирати шахс мегарданд. Дар зиндагӣ одамонеро дида метавон, ки ба илму нур, имони ҳақиқӣ, идроки амиқ ва фаҳми дуруст зиндагӣ ба сар мебаранд. Чунин ашхос чӣ дар мусибат ва чӣ дар ҳолати хурсандӣ сабр мекунанд, то ки ин ҳама ба ӯ хайр гардад. Чуноне, ки гуфта гузаштем: неъмате ато шавад шукр мекунад, ки ин ҳам ба хайри ӯст ва ин сифат дар шахси собит дар гуфтору кирдораш дида мешавад, зеро дар ҳама ҳолат ба хайри ӯ наздиконаш шарик мебошанд, ки оқибат ба ҳамду раҳмат ноил мегардад. Худованд дар сураи “Аъроф” ояти 128 мефармояд: “Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!” Бояд қайд намуд, ки шахсиятҳое ҳастанд, ки худро аз ҳадди муайянгашта зиёд доно, зирак ва босавод гирифта, ба сураю оёти каломи раббонӣ диққат надода, сафсатаҳо мебофанд, ки дар натиҷа боиси сар андохтани фитна мегардад.

Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта барои тамоми мардуми Тоҷикистон сабақ шуд, аммо на барои наҳзатиҳои хоин. Ҷинояткорон ва гунаҳкорони асосии ин фоҷеаи миллати тоҷик бе ҷазо ва дар озодӣ монданд, гарчанде ҳазорон-ҳазор аз пайравони онҳо сарсону саргардон ва беҳтарин ҷигарбандони худро аз даст доданд. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ наҳзатиҳо ба Ватан баргаштанд, ба ҳукумат пайвастанд, нофаҳмиҳо паси сар шуд, ба ҷанги бародаркӯш хотима дода шуд, мардум баҳри ободии Ватан заҳмати зиёд кашиданд. Тоҷикистон пайваста рушд кард. Аммо Ҳизби наҳзат пас аз даргузашти Абдулло Нурӣ, ки ба идораи Кабирӣ ва тими ӯ гузашта буд, дубора дари пайи ба даст овардани ҳокимият, нақшаҳои худро барпо карда, дар хориҷи кишвар бо ҳаммаслакони худ як дигарро ба рӯзи таваллудашон табрик карда, зиндагӣ ба сар мебаранд.

Нуқтаи муҳим аз суҳбати дирӯзи М. Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоии интернет. Ӯ мегуяд: “Чӣ гуна забони мо қурбони сиёсатҳои зиддимиллӣ шуд”

Боз садои  фирорӣ, ба қавле роҳбари ҳизби собиқ мамнуи наҳзат боз ҳам дар мамлакатамон манъ гардидаи М. Кабирӣ тавассути суҳбати онлайнӣ рӯзи 22-уми июл аз нав баланд шуд. Ин дафъа ӯ сари “Чӣ гуна забони мо қурбони сиёсатҳои зиддимиллӣ шуд” дар кишвар  варсоқӣ мехонад. Аввалан ӯ оид ба баъзе кормандони давлатамон лофи андеша мезанад, ки гуё баъзе аз онҳо забони тоҷикӣ забони давлатӣ буданро намехоҳанд.

Наход то ба имрӯз аз  ҷасорати кормандони давлат бехабар бошад?! Маҳз ҷасорати  ин мардони бузург буд, ки Тоҷикистон аз фарзандони нохалафаш, ки солҳо омодаи ватани хешро ба кишвари хун табдил доданӣ буданд, раҳониданд ва ба як сарзамини биҳиштосо табдил доданд. Маҳз ҷасорати онҳо буд, ки шумо имрӯз шалвори худро иваз намудаву аз ҳизби наҳзат ба ташкилоти ба ном “Паймони зиддимиллӣ” гузаштед. Боз эҳтиёт шавед…..

Аз ин рӯ, чун имрӯз ҷаҳони пешрафти техникаву технологияи муосир аст, имрӯзҳо ба ҳар роҳу восита наҳзатиёни хоин кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаву фикри ҷавононро гумроҳ созанд. Ҷавонони моро зарур аст, ки ба фитнаи онҳо гӯш надиҳанд, зеро ба таъкидҳои қуръонӣ “фитна бадтар аз қатл аст”, (сураи “Бақара”, ояти 191). Баҳри ҳифзи марзу буми Ватан, обу хоки ин сарзамин, пойдории сулҳу субот кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Бояд гуфт, ки дар фаҳму идроки саҳиҳ асари бузург аст, то аз ҳодисаҳову балоҳо, фитнаҳову мусибатҳо наҷот ёфт. Шахси муъмин аз ислом таълим гирифтааст то дар ин ҳолатҳо налағжад, барои як амали нодуруст аз дину имон хориҷ нагардад.

Бояд донист ва дар дили худ шакро ҷой надод, ки Худованди якто холиқи ин қавм ва офарандаву тағйирдиҳандаи ин олам аст ва ба худ шарик ва масил надошта танҳо ва танҳо дар тасарруфу ихтиёри худ аст. Дар зиндагии мо чӣ ҳодисаву таърихе ба вуқуъ ояд ва ё амале рух диҳад, ҳама ба хости ӯст, лек ин тоифаи бадгумону айбҷў ҳама бадиҳоро аз халқи Худо мебинанду хубиҳоро нодида гирифта, ба чашми мардум хок мепошанд.

Бояд донист, ки инсон намемирад, то аҷалаш нарасаду ризқаш тамом нашавад. Худованд дар сураи “Юнус” ояти 49 мефармояд: “Марги ҳар умматеро замоне муайян аст. Чун замонашон фаро расад, на як соат дер кунанд ва на як соат пеш раванд”.

Пас дониста шуд, ки аҷали ҳар шахс пеши Худо муайян ва навишта шудааст, ки кай ва дар куҷо таваллуд ва вафот меёбад, ки ҳеҷ чиз байни инсон ва амри Худо монеъ шуда наметавонад.

Ин аблаҳ аз чӣ гуфтани худ фикр накарда, аз рӯзи тавалудаш ва аз рӯзи забон сухан ронда истодааст. Оғози як фитнаи нави сиёсӣ ҷомеаи кишварро ҳушдор карда истодааст ва таъсиси “давлат” дар хориҷро “гургон дар пӯсти меш” гуфтан мумкин аст. Бояд гуфт, ки ҳамин гуна як фитнае дар хориҷи кишвар таъсис дода шудааст ва ҳадаф дорад бо муколамаву мулоҳиза тухми фитна дар мамлакат корад. Орзу кардан айб ва ё чӣ хеле, ки мегӯянд “орзу кардан ними мақсад” мебошад ва дар ин ҷо мақсадҳои онҳо бараъло маълум аст, ки онҳо танҳо барои вазифа талош доранд ва ё ин ки аз ДИИШ мерос гирифтаанд. ДИИШ низ маконе, ҳудуде надорад аммо ба худ роҳбару вазирон ва қумандонҳо дорад. Пас куллан маълум гашт, ки шумо шохае аз ин ташкилот мебошед. Агар шахси соҳибақл каме фикр кунад, ки маконе муайян набошад, хонаю дар сохтан мумкин аст???

Дар садри ин анҷумани фитнаангез боз ҳамон ҳизби мамнуъшудаи наҳзат ва хоҷагону ҳаммаслаконашон қарор доранд, ки дубора миллати мусалмони тоҷикро гумроҳ кардан мехоҳанд.

Акнун “ба чашми хирад” номҳои пешниҳодшудаи раиси ТЭТ ҲНИ-ро бинигарем, ки кадрҳои ин ҳизби террористиро мадҳ мекунад ва гӯё онҳо муддати дар вазифа буданашон хело ба ин миллату давлат хизмат карда бошанду дигарон даст ба хиёнат задаанд, ки ин миллат надида гирифта бошад. Оё гуфтаҳои онҳо дар ин аср ба ҳаёту зиндагии мардум мувофиқ аст ё на?

Агар дар гуфтору кирдори раиси ин ташкилоти иғвоангез нигарем, василаи ба доми фиреб афтодан ва нобуд сохтани ватану миллати хеш ва паҳн кардани тухми адоват, беимонию беинсофӣ аст. Акнун ин тӯдаи бе банду баст мехоҳанд бо сўистифода аз бадии «андеша» ва “ғурури миллии тоҷикӣ” доми нав тазвир созанд ва бад-ин васила онҳо ду мақсадро пайгирӣ мекунанд: аввалан, мехоҳанд қишрҳои ноогоҳ ва насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро дубора ба бунбасти гумроҳӣ кашанд; Сониян, Иттиҳоди Аврупоро ба дунявӣ будани андешаҳои сиёсиашон бовар кунонанд ва ба ин васила ба мақсадҳои нопоки хеш бирасанд.

Домулло Зоир аз н. Балҷувон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *