Хабарҳо

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ХУРРАМГАРДОНӢ

print

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат баробари таъмиру навсозӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин маъракаи корҳои ободониву сарсабзгардонӣ бомаром идома дорад.

Шинонидани ниҳолу гулҳои ороишӣ ва ба ин васила сарсабзу хуррам намудани гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистони азиз аз ҷумлаи иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб гардида, ба вусъати ин маъракаи муҳим роҳбарияти шаҳри Турсунзода низ мароқи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

 Дар пайравӣ ба иқдоми ободгарона имрӯзҳо сабзкорӣ ва шинонидани гулҳои ороишӣ дар шаҳри Турсунзода ҷараёни  тоза гирифт. Давоми ҳафтаи охир аз ҷониби кормандони муассисаи манзилию коммуналӣ дар ҳамкорӣ ва назорати шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар  мавзеи қабули меҳмонон, даромадгоҳи шаҳр, шафати роҳҳои нақлиётгард ва пиёдагарди ҳудуди  маркази шаҳр бо риояи талаботи агротехникӣ беш аз 38000 бех гулҳои рангоранги катаранта шинонида шуд. Айни ҳол парвариш, обёрӣ ва нигоҳубини гулҳо тибқи талабот ҷараён гирифта, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намуд.

Боиси қайд аст, ки шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳар як меҳмони хориҷӣ, ки ба мамлакат вуруд мегардад, таассуроти аввалинро аз шаҳри мо бардошт менамояд. Аз ин лиҳоз,  тозаву озода ва сабзу хуррам будани ин гӯшаи Ватан аз ҳар яки мо-сокинони шаҳри Турсунзода  масъулияти баланди шаҳрдориро  тақозо менамояд. Пас, ҳар яки мо дар ҳифзи муҳити зист, риояи талаботи шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, хуррамгардонӣ ва ободонии шаҳр вазифадорем.

ЛОИҚ Раҳмонов,

сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити

 зисти шаҳри Турсунзода

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *