Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки беш аз 1400 нафар намояндагони корхонаву ташкилот ва аҳолӣ дар Боғи Ғалаба, шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ва корхонаву ташкилоти шаҳр дар доираи нақшаи баргузории аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” ҳашари умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Зимни тозакориҳои дастаҷамъона асосан ба масъалаи бартараф намудани алафҳои бегона аз мухити зист, буриши санитарии атрофи дарахтон ва ҷамъоварии зарфҳои истифодагардидаи пластикӣ ва тоза намудани муҳити зист аз алафҳои бегона мароқи ҷиддӣ зоҳир гардида, дар натиҷа беш аз 25м3 партовҳои гуногун ба партовгоҳи асосии шаҳр бароварда шуд.
Тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон мусоидат ва саҳмгузорӣ менамояд.
ЛОИҚ РАҲМОНОВ,
сардори ШҲМЗ-и шаҳри Турсунзода