Иҷтимоиёт

АЁДАТИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН

print

Гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ширин  ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ баргузор намуда, аз Муассисаи давлатии  Хона-интернати маъюбон ва пиронсолони шаҳри Турсунзода боздид ба амал овард. Дар ин сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам меҳмононро бо шарту шароити буду боши истиқоматкунандагони муассаи мазкур  шинос  намуд.

Дар иб тидо гурӯҳи корӣ бо шароити хизматрасониву маишӣ дар ҳуҷраву утоқҳои зист, ошхонаву ҳуҷраҳои доругузаронӣ, таъмини маводу маҳлулҳои зиддисироятӣ шароити хизматрасониву табобат ва китобхонаи муассиса дидан намуд.

Зимни боздид аз заминҳои атрофи муассиа, қитъаҳои гулкорӣ, боғу гармхона ва заминҳои корам аз ҷониби масъулин иттилоъ пешниҳод гардид, аз ҳисоби хоҷагии ёрирасон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 13974 сомонӣ даромад ворид гардид. Дар кишти такрорӣ бошад, 0,40 га шолӣ ва сабзавоти дигар низ кишт карда шуд.

Исматуллозода Ширин масъулинро муаззаф намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус нигоҳубин ва расонидани хизмати маишӣ тибқи талабот ва тавсияи духтурон дар муассиса пурзӯр карда шавад.

Зимни суҳбат бошандагон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳо ба Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *