Хабарҳо

НАТИҶАГИРӢ АЗ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020

print

Имрӯз дар маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асозода Нуралӣ вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маҷлиси васеъ баргузор гардид.

Дар маҷлис таъкид гардид, ки буҳрони молявии иқтисодии ҷаҳонӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ба иқтисодиёти шаҳр, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, иҷрои буҷет ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъсири манфии худро расонид. Новобаста аз ин, ҷамъбасти нимсолаи якум нишон дод, ки дар шаҳри Турсунзода соњаи савдо – 13,1  фоиз, соњаи сохтмон – 11,3 фоиз, кишоварзӣ – 2,4 фоиз ва саноат – 1,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҷиҳати пешгирии пањншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ин давра  аз њисоби буљети мањаллї, корхонаву ташкилотњо ва соњибкорони шањр беш аз 1млн.200 ҳазор сомонӣ  маблаѓ раволна гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 1,9% зиёд аст.

Дар шаҳр зиёда аз 25 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,  то охири сол беш аз 17 км таъмири асосӣ  ва зиёда аз 160 км роҳ таъмири ҷорӣ карда мешавад.

Аз ҷониби кишоварзони шаҳр дар њамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2,4 % зиёд маҳсулоти тару тоза  истеҳсол гардид.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои  минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  иштирок намуда, сазовори 34  медал гардиданд.

         Дар ин давра варзишгарон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  124 медал, аз ҷумла 30 медали тилло, 52  медали  нуқра  ва 42 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *