Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Турсунзода   Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

print

Ҳамдиёрони азиз,!

Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки солгарди навбатии Рӯзи ваҳдати миллӣ зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳамдиливу осоиштагӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат сокинони шарафманди шаҳри Турсунзодаро самимона табрик намуда, сиҳатмандӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва хизмати пурсамар баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон барору комёбӣ таманно менамоям.

Ҳамдиёрони азиз,!

Истиқлолият неъмати бузурги ҳар як давлат ба ҳисоб рафта,   ваҳдату ҳамдилӣ муқаддасотест, ки бақои давлату миллатро таъмин менамояд.

Дар солҳои аввали бунёди давлати соҳибистиқлол душманони дохиливу хориҷӣ миллати моро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашиданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расида, иншооти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат харобу валангор гардид.

Миллати тољик, ки рӯҳан дорои сифатњои меҳрубониву шафқат, дўстиву рафоќат, ватанпарастӣ ва садоќату маърифат мебошад, дар радифи ҷангу разолат андешаи сулҳу осоишро гузошта, ба ваҳдату ҳамдилӣ муваффақ гардид. Мардум атрофи рањнамову сарвари мањбуби халќ-муњтарам Пешвои миллат муттањид гардида, ҷонибҳои мухолиф ба  музокираи дӯстона баромада, Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллиро имзо намуданд. Ин санади сарнавиштсоз давлати тозаистиќлоли моро эњёи дубора бахшида, ба оғози зиндагии орому осоиштаи халқи Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин замина зери парчами якдилӣ ва сиёсати ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллат дар мамлакат ба марҳалаи нави созанда қадамҳои устувор гузошта шуд. Дар муддати кӯтоҳ сохти конститутсионӣ, қонуният,тартиботу амният барқарор ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз нав ба роҳ монда шуд. Дар ин замина барқарорсозии  иншооти валангоршуда муташаккилона роҳандозӣ гардида, бо заҳмати халқи бунёдкор оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ тадриҷан бартараф ва дар мамлакат марҳалаи нави рушд оғоз гардид.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ, ҷиҳати таъмини зиндагии осоишта ва арзандаи сокинони кишвар имкониятҳои боэътимод  сафарбар карда шуд

 

Њамдиёрони азиз!

Вањдат асоси тавоної ва хушбахтии миллат мањсуб ёфта, маҳз самараи созандаи он буд, ки дар баробари дигар гӯшаҳои Тоҷикистон шаҳри Турсунзода низ ба марҳалаи нави рушди  устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дастовардҳои назаррасро ноил гардид.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии кишвар ва заҳмати созандаи сокинон дар шаҳри Турсунзода бунёди, корхонаву коргоҳҳо, роҳу пулҳо, рушди бомароми соҳибкорӣ, кишоварзӣ, бунёди боғу токзор, сохтмон ва таъмиру таҷдиди мактабу кӯдакистон, муассисаҳои тиббӣ ва толору варзишгоҳҳо ҷараёни тоза гирифта, ба таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафти шаҳри азизамон саҳми арзанда гузошт.

Ҳамдиёрони азиз,!

Сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо арзёбӣ гардида, таҳдиди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва амалиётҳои мусаллаҳонаи террористӣ хатари аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, танҳо муттаҳидиву ҳамдилӣ моро аз тафриқаву низоъ эмин нигоҳ медорад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва зеҳниву ақлонии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавононро мунтазам баланд бардошта, донишу ҷаҳонбинии онҳоро тақвият бахшем. Зеро замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба мушкилоту таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ намудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарғиби сулҳу ваҳдат, сиёсати созандаи муҳтарам Пешвои миллат ва таъмини амнияти давлат фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати пешгирии ғояҳои ифротӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои номатлуб саҳмгузори намоем. Дар мафкураи насли ҷавон арзишу ормон ва ҳадафҳои ваҳдату сулҳҷӯёнаро ҷой диҳем,  зеро сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардум маҳсуб гардида, ягона  роҳест, ки моро ба зиндагии шоиста ҳамқадам менамояд.

Мафҳуми сулҳу субот ва якддиливу ваҳдат барои сокинони шаҳри Турсунзода низ арзишманд буда, ҳар яки мо қадру манзалат ва мавқеи ваҳдати миллиро хуб дарк менамоем.

Боиси ифтихор аст, ки зери фазои ваҳдати миллӣ, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди беш аз 360 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар арафаи иду ҷашнҳо беш аз 170 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, корҳои созанда дар ин самт идома доранд.

Эътимоди комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсти  шаҳри мо дар оянда низ рисолати бузурги шахрвандиро ба ҷо оварда, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоии шаҳри  азизамон  бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ меҳнати пурсамарро идома медиҳанд.

Бо ибрози ниятҳои нек дар ин рӯзи фархундаву муборак бори дигар тамоми сокинони шаҳри Турсунзодаро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, саломатӣ, сулҳу осоиш ва рӯзгори ободу пурсаодатро таманно менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *